Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонони анҷуман дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар маркази вилоят бахшида ба 10 – солагии таъсисёбии Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анҷумани байналмилалии иқтисодии «Суғд - 2018» баргузор гардид.

 Иштирокдорони ин ҳамоиши бошукӯҳи иқтисодӣ, ки аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ташриф овардаанд, аз Муассисаи давлатии  “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд. Ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ сайри илмии таърихӣ гузаронида шуд. Иштирокдорони анҷуман ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таассуроташонро қайд намуданд.

 Ин анҷуман ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва тақвият бахшидани алоқаҳои ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузории ватаниву хориҷӣ такони тоза хоҳад бахшид.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтидори саноативу кишоварзӣ муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, аз баракоти соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вилоят рушди бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин шуда истодааст.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ” айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” фаъолият доранд.

Мутобиқи қонуни мазкур аз мавзеи шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 320 га замин ҷудо гардидааст.

Боиси таъкид аст, ки имрӯз дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” 23 субъект ба қайд гирифта шуда, аз ин 12 субъект бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул буда, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва корҳои ободонӣ машғул ҳастанд.

Ҳоло бозори фурӯши маҳсулоти субъектҳо ба ғайр аз Тоҷикистон кишварҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, Афғонистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро дарбар мегирад.

Қобили қайд аст, ки дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолияти соҳибкории субъектҳо, новобаста аз шакли моликияташон, аз пардохти ҳама гуна андозҳо, ки бо Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, озод мебошад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳмонони анҷуман дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top