Агар дар Тоҷикистон то соли 1939 4-то ва дар соли 1948 16-адад боғҳои фарҳангию фароғатӣ амал мекарда бошанд, алҳол ин нишондод ба 44 адад расидааст, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ яке аз онҳост. Дар ин макон фестивалу мулоқотҳо ва як қатор маъракаҳои омӯзишӣ ва фарҳангиву варзишӣ хеле зиёд баргузор мегарданд. Ҳамчунин ин мавзеъ яке аз беҳтарин ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад. Ҳоло ки мавсими зимистон наздик омада истодааст, ба хотири таровати худро гум накардани боғ 241 адад дарахтони ороишиву сояафкан ба монанди: сосна, дуб, мажевелник шинонида шудааст. Ҳамчунин ин мавзеъ бо гулҳои гуногун аз қабили садбарги бутта, сирени ҳиндӣ, кипариси аризонӣ, гулкарамҳо дар маҷмӯъ 137000 адад гулҳои мавсимӣ ороиш ёфтааст.
Барои нашъунамои хуби гулу дарахтони боғ дар заминҳои он поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шудааст. Токзори чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони дигар дар мавзеи боғ шаклдарорӣ гардиданд. Аҳли боғбонони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сайъ доранд, то дар мавсими зимистон ҳам ин макон ҷойи сайру тамошо ва мавзеи фароғату истироҳати кулли шаҳрвандону меҳмонони дохиливу хориҷӣ бошад.