Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фаъолияти нӯҳмоҳаи маҷмаа

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҷомеаи меҳнатии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баҳри татбиқи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки Соли 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.

Дар муассиса ҷаласаҳои Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ баргузор гардида, нақшаи фаъолияти кории маҷмаа  дар соли 2018, барномаи нақша - чорабинии муассиса бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ“ мақолаҳо ва матни сайри илмӣ - мавзӯъии кормандони илмӣ, сенария ва лоиҳаи нақшаи гӯшаҳои намоишӣ муњокима ва тасдиқ карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва инъикоси дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари соҳибистиқлол дар экспозитсияҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд    таҳти мавзӯи «Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол» лоиҳаи консепсияи илмӣ таҳия  гардида, дар  Шӯрои илмии осорхонаи таърихӣ пешниҳод, баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади ғанигардонии маъхази осорхона 3 ҷаласаи харидории назди хазинаи маъхази осорхона баргузор гардида, 166 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта, харидорӣ карда шуда,  97-адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ тариқи ройгон ба маъхази осорхона ворид гардидаанд. Ба 75-адад  экспонатҳои нави ба осорхона ворид гардида аз тарафи кормандони илмӣ тавсифномаҳои илмӣ тартиб дода шуд.         

Дар давраи ҳисоботӣ 3-маротиба вохӯрӣ, 4-маротиба конфронси илмӣ, 15-маротиба намоиш, 9-маротиба намоиши сайёр ташкил карда шуд. Аз ҷумла дар доираи мубодилаи нигораҳои осорхона аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш таҳти унвони “Мӯъҷизаи рангҳои табиат” ташкил ва баргузор гардид. Ҳамчунин бахшида ба 60-солагии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд намоиш ташкил гардидааст.

Ҳамчунин дар ин давра аз ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кордори сафорати ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейвин Ковекс, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтхарт Хёфер Виссинг, ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистону Тоҷикистон, Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Артисти халқии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, иштирокчиёни фестивали ҷавонони “Овози дӯстӣ” аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, иштирокдорони анҷумани соҳибкорони бурунмарзӣ дар ш.Хуҷанд, аъзоёни дастаи футболи “Динамо” ва аҳли фарҳангчиёни вилояти  Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Саид  Ибн  Абуллоҳ Алмуаҷиб, Аъзои ансамбли нафасии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан ба амал оварданд. 

Дар нӯҳ моҳи соли ҷори аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд,  Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 56653  нафар тамошобинон дидан намуданд, ки аз онҳо 3440 нафар тамошобинони хориҷи кишвар мебошанд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 37 бех дарахти сосна, 10 бех соснаи майда,  30 бех дуб,  30 бех  мажевелник, 114 бех садбарги бутта, 10 бех сирени ҳиндӣ, 10 бех кипариси аризонӣ дар маҷмӯъ 241 адад дарахтон ва 137000 – адад гулҳои мавсимӣ шинонида, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ  шаклдарорӣ гардиданд.

Кормандони “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти  пурсамар бурда дар таҷлили соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФаъолияти нӯҳмоҳаи маҷмаа
Scroll to Top