Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тараннум аз сулҳу дӯстӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ҳайати навозандагону раққосони Ансамбли нафасии Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуда, дар Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ баромади адабии худро намоиш доданд. Аҳли ансамбл сурудҳо дар васфи Ватан-Модар, Сулҳ, Дӯстӣ бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ сароиданд. Барномаи фарҳангиро  тамошобинон-меҳмонону сокинони Хуҷандшаҳр хеле самимона қабул карда, то дергоҳ бо қарсакҳои пурмавҷ истиқбол намуданд. Ин аввалин баромади санъаткорони Ансамбли нафасии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ аст.   

      

Санъаткорони ӯзбекистонӣ бо роҳбарии устоди рақс Абдуллоев Р. аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Воқеан, дар таърихи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соли 2018 чун соли фаромӯшношуданӣ ва беназир ворид шуд. Пас аз сафари давлатии Пешвои миллат, ки ба идомаи сафари Президенти Ӯзбекистон баргузор шуд, роҳ барои кулли корҳои фардию муштарак боз гардид ва баҳри пойдории он мебояд ҳар яки мо саҳмгузор бошем.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТараннум аз сулҳу дӯстӣ
Scroll to Top