Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди меҳмонони мӯътабар

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар доираи сафари корӣ Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуд. Меҳмононро Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода, Прокурори вилояти Суғд Воҳидов Ҳ.С. ва намояндагони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони осорхона сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Сараввал онҳо аз таърихи таъсисёбии осорхона маълумот гирифта, сипас бо толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки бештар диққати меҳмононро бозёфтҳои шаҳраки Панҷакенти бостонӣ, деворнигораҳои Панҷакент, намунаи либосҳои занонаву мардона, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуд.

Сипас Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таассуроташро қайд намуд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон. Дар ҳамин рӯзи сешанбе 18.09.18 ман ин осорхонаи зеборо зиёрат карда, бо ҳамроҳонам аз таърихи шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва Тоҷикистони куҳанбунёд баҳра гирифтем. Он ҳамчунонест, ки дар дастхатҳои мероси фарҳангию тамаддунии қадима дар бобати ин кишвар ва ташаккули он дидаам.

Он дар замони роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шукуфон шуда, аз Худои Азза ва Ҷалла пурсонем, ки ин кишварро бо халқу Пешвояш маҳфуз ва нигоҳ дорад ва неъмати амну осудагиро бар эшон бардавом гардонад, ки ӯ атокунандаи комёбӣ аст”.

Сипас меҳмонон аз Мақбараи рамзии Шайх Камоли Хуҷандӣ дидан намуда, сайри Хона-музейи шоир карданд. Дар анҷом ба меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти Қалъаи Хуҷанд чун нишонаи меҳру муҳаббат тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди меҳмонони мӯътабар
Scroll to Top