Бахшида ба ҷашни “Рӯзи шаҳри Хуҷанд”
Хуҷанд шаҳри зебову дилписанд, ки таърихи дуру дароз дошта, бо дарёи Сайҳунаш ва кӯҳҳои Мевағулаш диққати ҳамагонро ба худ ҷалб мекунад. Хуҷанд бо қаҳрамонҳои мардони шуҷоъаш, бо донишмандону ҳунармандонаш мояи ифтихори имрӯзиён мебошад.Таърихи шаҳри Хуҷанд ба қаъри асрҳо меравад, ки оғози он ба даврони Ҳахоманишӣ мепайвандад. Хуҷанд зодгоҳи лашкаркашони сарбаланд, олимони бузург, муаррихони номвар, шоирону нависандагон мебошад. Мунаҷҷим, риёзидон ва ситорашиноси тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, шоираи ширинкалом Маҳастии Хуҷандӣ, ғазалсарои беҳамто Камоли Хуҷандӣ, Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ҷуғрофидон Ҳоҷӣ Юсуф ва садҳо дигарон, ки ифтихори миллати тоҷиканд.
Зиндакунандаи ёди онҳо ва осори ниёгон маҳз осорхона ба ҳисоб меравад. Осорхона маконест, ки маълумотҳои таърихиву илмиро бо бозёфтҳои бостоншиносӣ ва маводҳои таърихӣ барои тамошобинон манзур месозад. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд, ки дар ҳудуди Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” қарор дорад, барои ҳар як тамошобин таърихи шаҳри Хуҷанди қадимаро муаррифӣ менамояд. Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Ҳуҷанд 27 ноябри соли 1986 ба муносибати 2500-солагии Хуҷанд (собиқ Ленинобод) ифтитоҳ ёфтааст. Ташаббускори ташкили ин осорхона бостоншиноси маъруф, шодравон академик Нӯъмон Неъматов(1927-2011) мебошад. Ба муносибати соҳиб шудан ба комёбиҳои бузург дар рушди хоҷагии халқ ва 2500-солагӣ, шаҳри Хуҷанд, бо фармони Президиуми Шӯрои Олии СССР аз 22 августи соли 1986 таҳти №55 II–XI бо ордени “Дӯстии халқҳо” мукофотонида шудааст.
Ин осорхона соли 2016 азнавсозӣ карда шуд. Экспонатҳо дар толори осорхона ба таври даврабандӣ ҷойгир гардида, ба шӯъбаҳои қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва асримиёнагии охиру давраи ҷадид бахшида шудааст. Дар осорхона он экспонатҳое, ки дар натиҷаи ковишҳои археологӣ, аз тарафи бостоншиносони тоҷик дар ҳудуди шаҳр ва “ Қалъаи Хуҷанд” дарёфт гардидааст, ба намоиш гузошта шудааст. Дар экспозитсия асосан пораҳои маснуоти сафолин; ҷом, кӯза, табақ, хум, чароғҳои сафолин, хиштҳои нопухта, бозёфтҳои мансуб ба асрҳои IV-II то солшумории мелодӣ ва ғайра ба маърази тамошобинон гузошта шудаанд. Экспонатҳои ба намоиш гузошта шуда аслианд. Хамарӯза аз осорхона садҳо нафар тамошобинони ватаниву хориҷӣ дидан менамоянд. Осорхона оинаи таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик аст. Мо кормандони осорхона кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин осори ниёгонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Хоҷаева Муҳаррамахон
Мудири шӯъбаи таърихи давраи муосир