Дар доираи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи шаҳри Хуҷанд ва 60-солагии таъсисёбии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент бахшида ба “Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расми кушоди намоиши сайёр аз фонди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ҷумҳуриявии ба номи А.Рӯдакии ш.Панҷакент баргузор гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Осорхонаи шаҳри Панҷакент бо роҳбарии сарвари осорхона Фотима Рофиева, Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов, Сарвари Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мансурҷон Бойматов, донишҷӯёну иштиёқмандони таърихи куҳан иштирок ва суханронӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки ин чорабинӣ дар кори ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи халқи тоҷик, аз ҷумла Саразми қадим, ки тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 5500-солагии он ҷашн гирифта мешавад, аҳамияти хоса дошта, дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва муаррифии таърихи пурғановати халқи тоҷик барои сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар муфид мебошад.
Дар намоиш 107 нигораҳо оид ба таъриху фарҳанги куҳани халқи тоҷик доир ба Саразм ва Панҷакенти қадим, намунаҳои маҳсули ҳунармандони ш.Панҷакент асбобҳои рӯзғор, ашёҳои гилини давраҳои қадим, ашёҳои ороишоти занона, тангаҳои давраи Сомониён ва либосҳои мардуми водии Зарафшон ба намоиш гузошта шудаанд. Намоиши сайёр то охири моҳ идома меёбад.
Лозим ба ёдоварист, ки Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти пурсамар дорад. Алҳол дар фонди осорхона 67 962 адад нигораҳои дорои аҳамияти таърихию фарҳангӣ маҳфуз аст. Яке аз дастовардҳои назарраси осорхона ин иштирок дар фестивали умумиҷаҳонии “Интермузей-2016” дар шаҳри Москва мебошад. Осорхона дар ин фестивал аз рӯи намоиши нигораҳои бостонӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо Дипломи фестивал сазовор гардид.
Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тӯли 60-соли фаъолияташ дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории экспонатҳои гуногун, нодиртарин ёдгориҳои хаттии тоҷикон, дастнависҳои илмию адабӣ саҳми босазо дорад.