Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Қалъаи Хуҷанд” ва рушди сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар фароҳам меоварад. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дорои Осорхонаҳои таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ-ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд-ҳамчун мавзеи аҳамияти баланди таърихию фарҳангиро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Кишварҳое ҳастанд, ки бо ягон хосияте дар олам машҳуранд. Масалан, Туркиё бо чаҳор баҳре, ки дар он ҷо мавҷуд аст, диққати аҳли сайёраро ба худ мекашад, кишвари Шветсария бо кӯҳҳои Алп ва Миср бо аҳромҳои зебояш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, табиати афсункору афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва дарёҳои кӯҳияш тавонистааст, ки диққати сайёҳонро ба худ ҷалб кунад.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як гӯшаи нотакрори Тоҷикистон аст, ки дар ҳаштмоҳи соли ҷорӣ  53.054 нафар меҳмонони хориҷию дохилӣ аз ин макон дидан намуданд ва аз онҳо наздик 1.799 нафарро сайёҳони хориҷи дур ва 800 нафарро сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ташкил медиҳанд.

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷиро торафт зиёдтар ҷалб мекунад ва ҳар бинанда аз тамошои ин макон ба ҳунари волои наққошону кандакорон, кулолгарону сангтарошон, адрасу атласбофон ва дӯзандагону бофандагони тоҷик аҳсант мегӯяд.

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Қалъаи Хуҷанд” ва рушди сайёҳӣ
Scroll to Top