Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ба ифтихори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаю канори мамлакатамон чорабиниҳои гуногуни ҷашнӣ идома доранд. Аз он ҷумла дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ин ҷашни бузург конфронси илмӣ дар мавзӯи «Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик» доир гардид. Дар чорабинӣ олимону донишмандони донишгоҳҳои олӣ, намояндагони МИҲД вилояти Суғд, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва муассисаҳои фарҳангӣ, гурӯҳи мусаввирони вилоят, инчунин намояндагони ВАО ҳузур доштанд. Омири кулли Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов конфронсро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда муборакбод карданд. Бо садо додани Суруди миллӣ конфронси илмӣ оғоз гардид.  

Усмонова Ф.-мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД- и вилояти Суғд дар мавзӯи «Истиқлолият ҷавҳари ҳастӣ» баромад намуда, зикр доштанд, ки “Истиқлолият дар арсаи олам будани давлати миллии моро эълон намуд”.

Саидзода Ш. - номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ дар мавзӯи «Истиқлолият-заминаи рушди давлатдории навини тоҷикон» маърӯза карда, аз дастовардҳои даврони Истиқлолият, саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдоварӣ намуданд.

«Нақши Истиқлолият дар ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ” зери ин мавзӯъ А.Ёдгорӣ - корманди илмии Осорхонаи таърихии МД «МФТ «Қалъаи Хуҷанд» баромад намуда, аз бобати таъмиру барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории ҳудуди Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият ва ҳифзу нигаҳдошти онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешаронӣ кард.

Баъди итмоми қисмати илмии конфронс омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ҳозиринро ба ифтитоҳи намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва эҷоди рассомони вилоят таҳти унвони «Мӯъҷизаи рангҳои табиат» даъват намуданд. Бо буридани лентаи рамзӣ намоиши асарҳои рассомон оғоз гардид. Намоиши мазкур тӯли як моҳ идома меёбад.

Ҳамчунин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвонӣ «Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик» ташкил гардидааст, ки дар он асарҳои адибон доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОИстиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик
Scroll to Top