Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Беҳтарин осорхонаи мактабӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар сохтори муассисаҳои таълимӣ осорхона бо мақсади омӯзиш, ҳифзу нигаҳдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва тарбияи ватанпарастии насли наврас таъсис дода мешавад. Аз ин лиҳоз бо ташабббуси Маркази таълимоти иловагии вилояти Суғд озмуни “Беҳтарин осорхонаи мактабӣ” баргузор гардид. Дар рафти озмун дар ҳайати комиссияи корӣ аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Турсунов И.-мудири шӯъбаи таърих, раиси комиссия, Хоҷаева М.- мудири шӯъбаи таърихи давраи муосир, аъзои комиссия иштирок доштанд. Озмун дар се давр баргузор гардида, ҷои аввал ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, ба номи Карим Абдулов-и шаҳри Бӯстон, ҷои дуюм ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и шаҳри Исфара, ҷои сеюм ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳияи Конибодом сазовор дониста шуд. Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин якчанд осорхонаҳои фаъол соҳиби сипоснома ва тӯҳфа гардиданд.

Мақсад аз баргузории озмун ин беҳтар намудани фаъолияти осорхонаҳои мактабӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасон, шиносоии насли наврас бо таъриху фарҳанги ниёгон ва тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳии миллӣ арзёбӣ мегардад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБеҳтарин осорхонаи мактабӣ
Scroll to Top