Ҳафтаи гузашта дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар доираи Фестивал-озмуни вилоятӣ бо мақсади муаррифии дастовардҳо ва намоиши маҳсули дастии ҳунармандони вилоят Рӯзи фарҳангии ноҳияи Зафаробод баргузор гардид.
Дар Фестивали навбатӣ маҳсули ҳунарҳои мардумии ноҳия ба монандӣ - намунаи ҳунари оҳангарону устоҳои кулолгарӣ, дӯзандагону бофандагон, ошпазони моҳир, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия чун кишоварзону варзишгарон, толибилмону китобдорон ва адибон ба намоиш гузошта шуданд.
Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Зафаробод - Ашӯрзода Раҷаб Рӯзӣ, аҳли зиё ва фарҳанг, сайёҳону меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Барномаи рангини консертии аҳли фарҳанги ноҳия, ки аз сурудҳои халқию оҳангҳои мардумӣ иборат буд, табъи ҳамагонро шод гардонид.
Бояд гуфт, ки дар оғози солҳои 70-уми қарни ХХ аз водии Яғноби кӯҳистони Мастчоҳ, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон, Ғончӣ ва баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мардум ба ин ноҳия муҳоҷир шуда, муқимӣ гаштаанд ва дар инкишофу рушди иқтисодиёт ва фарҳанги ноҳияи навтаъсис саҳм гузошта истодаанд.
Ноҳияи Зафаробод аз 3 шаҳрак ва 3 ҷамоат иборат буда, ноҳияи аграрӣ мебошад ва кишоварзӣ шуғли асосии сокинони он ба ҳисоб меравад. Парвариши пахта, яке аз соҳаи сердаромад ва содиротии ноҳия мебошад. Зеро зиёда аз 90 фоизи маҳсулоти саноатии ноҳия аз истеҳсоли пахта вобаста аст. Дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ноҳия 15 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.