Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Эҳтиром ба фарҳанги миллӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

          Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” баргузор мегардад, ин навбат ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштич иштирок намуданд.

       Дар Фестивал-озмун маҳсули ҳунарҳои мардумӣ аз ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштич ба намоиш гузошта шуд. Ба монанди: бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ ва намуди хӯрокҳои миллӣ.

         Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои асосии Фестивал-озмун арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои умумибашарӣ, ифтихор аз фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ба шумор меравад, ки иҷрои бомуваффақияти он тавассути:

-таъмини иштироки фаъолона ва ҷалби теъдоди ҳарчӣ бештари ҳунармандон;

-муаррифии ҳунарҳои беҳтарини мардумӣ;

-дастгирӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии ҳунармандон ва такомули нерӯи эҷодии онҳо;

-муаррифии намунаи барҷастаи ҳунарҳои мардумӣ ва ривоҷу равнақи минбаъдаи ин соҳаи ҳаётан муҳими фарҳангӣ;

-афзун кардани таваҷҷуҳи мардум, хусусан ҷавонон ба санъати дастӣ;

-дастгирии занони ҳунарманд;

-ҳифз ва рушди анъанаҳои хоси ҳунарҳои мардумӣ ва тарғиби онҳо;

-дарёфти ҳунармандони боистеъдод;

-дастгирии ташаббусҳои эҷодии онҳо;

-тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба фарҳанги миллӣ;

-дарёфту муаррифии чеҳраҳои наву ҷавони соҳаи фарҳанг;

-эҳё ва намоиши хелҳои гуногуни таомҳои миллии қадима ва маҳсулоти ордӣ мебошад.

         Барномаи фарҳангии омоданамудаи ноҳияҳои Айнӣ ва Деваштич хеле ҷолибу хотирмон буд ва писанди сокинону меҳмонони Хуҷандшаҳр гардид.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Эҳтиром ба фарҳанги миллӣ
Scroll to Top