Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Таҷассуми олами муосир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои халқӣ, рушд ва густариши санъати асили тоҷик бештар равона гардида истодааст. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ” ва якчанд барномаи давлатӣ дар самти дастгирии ҳунармандон ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ далели равшани гуфтаҳои болоист.

Дар ҷомеаи мутамаддин ҷавонон ба сифати нерӯи пешбарандаи ҷомеа пазируфта шудаанд ва месазад, ки онҳо дар ҷодаи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба рукнҳои санъати бадеӣ тарбия ёфта, бо руҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ ба камол расанд.

Яке аз чунин ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибзавқ Мунира Турсунова мебошад, ки аллакай бо ҳунари волову зебои пайкарасозӣ қалби садҳо дӯстдорони ин санъати нафису нозукро тасхир намудааст.

Дирӯз ба ифтихори соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” расми кушоди асарҳои ин пайкарасози ҷавону умедбахш таҳти унвони “Таҷассуми олами муосир” доир гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода, Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона, Сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд О.Набиев, дотсенти кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, узви Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ҳасанов, рассомону наққошон, намояндагони васоиди ахбори умум ва кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Ҷамъомадро омири кулли “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов оғоз намуда, аҳли нишастро ба толорҳои зебои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд хайрамақдам намуда, ҳамагонро бо ҳаёт ва фаъолияти Мунира Турсунова шинос карданд. 

Раиси шаҳр М.Муҳаммадзода зимни суханрониашон аз рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳудуди шаҳр қайд намуда, Мунира Турсуноваро бо баргузории аввалин намоиши асарҳояш табрику мубарокбод гуфтанд.

Санъатшинос С.Ҳасанов зикр доштанд, ки амалҳои Мунира Турсунова ин қаҳрамонист, зеро ин ҳунари мардонагист.

Сипас бо буридани лентаи рамзӣ ҳамагон вориди толори намоишӣ гардида, бо офаридаҳои пайкарасоз Мунира Турсунова ошноӣ пайдо карданд. Толори намоишӣ  бо 90 адад расму пайкараҳо ороиш ёфта, то охири моҳи ҷорӣ ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТаҷассуми олами муосир
Scroll to Top