Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Бозёфти нодир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Чанде пеш аз ҷониби сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Ҳоҷимуродов Абдуазиз пайкони хеле қадима ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд пешниҳод карда шуд. Мувофиқи нишондоди Абдуазиз пайкон аз кӯҳи Муғул қишлоқи Чаманзор дарёфт гардидааст.  Он хеле қадима буда, бозёфти нодир ҳисоб меёбад. Алҳол ин пайкон баҳри омӯзишу таҳқиқ ба олимон пешниҳод карда шудааст.

Пайкон - оҳани нӯгтезе, ки ба тири камон ё найза васл ва дар шикору ҷангҳо истифода мешавад. Пайкон дар давраи мезолит ва неолит ба вуҷуд омадааст. Он дар ибтидо аз чақмоқсанг (баъзан устухон), дертар аз биринҷӣ ва чӯб сохта мешуд. Дар охирҳои асри биринҷӣ (асрҳои XII-VIII то милод) дар ҳудуди Осиёи Марказӣ бисёр навъҳои пайкони биринҷӣ, аз ҷумла шабеҳи қайроқсанг, дупарра, дастадори дупарра, сепарра, сепаҳлу, чорпаҳлу ва ғайра васеъ паҳн гаштаанд. Чунин навъҳои пайкон ҳангоми ҳафриёти ёдгориҳои бостоншиносии Чуст, Дилварзин, Қайроққум, Қубодиён, баъзе манотиқи Бадахшон, Хоразм ва ҷануби Туркманистон бештар ба даст омадаанд. Ибтидои милод дар Осиёи Марказӣ пайконҳои оҳанӣ пайдо шуданд, ки ба пайкони скифию сарматӣ шабоҳат доштанд. Дар асрҳои миёна пайконро синон низ меномиданд, ки онро ҳамчун найза ё тир истифода мебурданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Бозёфти нодир
Scroll to Top