Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир!

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Гурӯҳи 13 нафараи журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд ва меҳмонон дар доираи сафари худ аз идораи рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» боздид ба амал оварда, дар «Кохи матбуот» бо аҳли зиёи вилоят мулоқот анҷом доданд. Ба ҳайати гурӯҳ Шарофат Эрматова - хабарнигори шабакаи телевизионии Ӯзбекистон ва раиси Маркази фарҳангии миллии тоҷикони Ӯзбекистон "Ориёно", Тоҷибой Икромов - муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Овози тоҷик" дар шаҳри Самарқанд, Ҷасур Исҳоқов - муаллифи филми мустанади "Зери осомони ягона", Ҷумъа Ҳамроев - профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Олим Ҷумъақулов - муҳаррири рӯзномаи "Ховар", Нурулло Насриев - мудири шуъбаи Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Зебо Тӯхтаева - хабарнигори телевизион "Ӯзбекистон 24" ва дигарон шомиланд.

Тибқи барномаи сафар меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд. Сараввал меҳмонон аз сайри илмӣ дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бархурдор гардида, ҳангоми тамошои Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ аз гӯшаҳои намоиши ҳунарҳои мардумӣ баҳравар гардиданд. Меҳмонон баъди гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ ва зиёрати Мақбараи шоири ширинкалом барномаи фарҳангии аҳли ҳунари вилоятро тамошо намуданд.

Меҳмононро ҳангоми боздид аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳамроҳӣ намуданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки рӯзноманигорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баробари шаҳри Хуҷанд, ҳамчунин аз шаҳру навоҳии Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Шаҳристон, Панҷакент ва Душанбе боздид ба амал меоранд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДӯст ояд гарм дар оғӯш гир!
Scroll to Top