Тоҷикӣ    Русӣ

ТОҶИКӢ РУСӢ

РАСМҲО

ВИДЕО

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

        

Нигораҳои осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дастпона

Дастпона-ашёи зиннатии банди даст. Он аз тилло, нуқра, мис ба шакли ҳалқаи нопайванд ва ё ҳалқаи бо ёрии каҷакҳо васлшаванда тайёр карда мешавад. Дастпонаи нафиси бо марҷон ороёфта дар Бухоро ва дастпонаи сиёҳқалами нақшдор дар Самарқанд, Хуҷанд, Ӯротеппа маъмул аст. Дастпонаҳо ҳамсафари доимии занони тоҷик буданд.

 Чанде пеш аз ҳудуди ҷамоати Хистеварз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми кофтани чуқурӣ барои таҳкурсии бино маснуоти фулузии дастпонамонанд дарёфт гардид. Он намуди ҳалқаи тофтаро дорад, ки хеле қадима буда, шабеҳи ҳарфи “С” аст. Тарафҳои ду нӯги ин дастпона бо ҳам пайваст нест. Мобайни маснуот ғафстар 3,5 см ва тарафҳои нӯги он бориктар аст. Қутраш 6,5 см буда, байни ду нӯги пайваст нашуда 4 см  аст. Дастпона маснуоти фулузӣ буда, дастӣ сохта шудааст. Он аз ҷониби Икромов Аъзам ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд тӯҳфа гардидааст ва айни ҳол дар махзани осорхона маҳфуз мебошад.

Кӯзаи мунаққаши мисин

Ҳунари аз мис сохтани зарфҳо яке аз касбҳои маъмули тоҷикон ба ҳисоб меравад. Кӯзаи мунаққаши мисин маҳсули ҳунари мисгарӣ аст. Алҳол дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд намуди маснуоти мисӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мешавад, ки яке аз онҳо кӯза бо дастаи муқарнаси латунӣ ва сарпӯши гумбазшакли нӯгаш қуббадор аст. Дар рӯйи сарпӯш ҳафт ҷойи ҳамвори барҷастаи бо гули чорбарга ва дигар нақшҳо ҳаккокӣ карда шуда мавҷуд аст. Дар қисмати гардана, наварди (валик) барҷастаи ҳалқамонанди гирдак, болотари он нақши растанӣ дар дохили хати чоркунҷа, нақшҳои кунгура, хатҳои дандонадор, тирнок (ноготок) ва нақши гулу растанӣ кашида шудааст. Дар гирдогирди танаи кӯза навиштаҷот бо ҳуруфи арабӣ ва забони ӯзбекӣ ҳаккокӣ гардидаасту дар ду канори ҳошияи уфуқии навиштаҷот нақшу хатҳои гуногуни ҳандасавӣ кандакорӣ карда шудаанд. Он соли 1314 ҳиҷрӣ-1896 мелодӣ аз ҷониби мисгар Алиқории Қӯқандӣ сохта шуда, ба омӯзиши амиқи илмӣ ниёз дорад.

Кӯзаи мунаққаши мисин бо тавсияи комиссияи ташхисии назди маъхази осорхона дар ҷаласаи харидории ашёҳои таърихии№1, аз санаи 25.04.2018 харидорӣ шуда, ба фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ворид гардидааст.

Нақшу нигори зарфҳои мисӣ таҷассумгари олами зебову рангини ҳунари тоҷикон буда, дар онҳо розу рамзи таъриху фарҳанги гузаштаи дурахшони ниёгон нуҳуфтааст ва бинандаро бо ҷаззобияти худ мафтун месозад.

Дар даҳсолаҳои охир талабот ба маснуоти мисӣ торафт кам шуда, пешаи мисгарӣ рӯ ба инқироз оварда бошад ҳам бо вуҷуди ин ҳунармандони тоҷик имрӯз ҳам ба сохтани маснуоти армуғонӣ, зеварҳо, карнай ва монанди инҳо машғул буда, дар амали худ услубҳои анъанавиро дар омезиш бо услубҳои муосир истифода мебаранд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНигораҳои осорхона
Scroll to Top