Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Фестивал – озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бо мақсади тарғибу ташвиқ, эҳё, рушд ва истифодаи самарабахшу намоиши беҳтарин ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва намоиши таомҳои миллии қадима бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Барномаи вилоятии “Рушди ҳунарҳои мардумӣ” бо қарори Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода таҳти №6/278 аз 19 майи соли 2018 моҳҳои июл – ноябри соли 2018 Фестивал – озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Фестивал – озмун дар шаҳри Хуҷанд – Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир гардида, дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.

Ҳунармандони ноҳияи Ашт Фестивал-озмунро оғоз намуда, чорабиниро рангину зебо гузарониданд. Дар чорабинии мазкур намунаи ҳунарҳои миллӣ-мардумӣ ба монанди: бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, чармгарӣ, рассомӣ, намуди хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карда шуда, барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

Аз Фестивал-озмун Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дидан карданд.

Дар ҷамъбаст ба ғолибони  Фестивал-озмун дар ҳар самт барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм мутаносибан 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Барои барномаи беҳтарини фарҳангӣ низ тақдими ҷоизаҳои пулӣ дар назар дошта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе тибқи нақшаи тасдиқгардида Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии шаҳру навоҳии вилоят соати 17-00  баргузор мегардад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФестивал – озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ
Scroll to Top