Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намоиш аз коллексияи мусаввараҳои фонди Осорхонаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва бахши Академияи мусаввирони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 25 июли соли 2018, соати 10-00 дар Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз фонди Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиш таҳти унвони ”Мӯъҷизаи рангҳои табиат” ифтитоҳ меёбад. Дар намоиш аз маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба миқдори 50 адад асарҳои рассомони машҳур ба монанди: Лим А.П., Ершов, Хушвахтов Х.Д., Ҳабибуллоев З.Н., Кузьмин Г., Смехов В., рассомони муосир Ёдгоров Қ., Ҷӯраев Ғ., Абдураҳмонов В., Эшонова Н., Ҷаборов А. ва дигарон ба намоиш гузошта мешаванд.

Мавзӯъҳову мундариҷаи асарҳои рассомон ҳодисаи таърихӣ, рамзи ҳаёту табиати зебои нотакрори диёрро дар бар мегирад. Ин мусаввараҳо бинандаро боз ҳам шефтаи табиати зебои Тоҷикистон мегардонад.

Боиси ёддошт, ки дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, кормандони мо нуқтаи паёмро сармашқи кори худ намуданд.

Маҳз ҳунари воло метавонад арзишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои оламшумули моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Ин ҳама назокат дар мусаввараҳои рассомон акс ёфтааст, ки таваҷҷуҳи ҳар як бинандаро бармеангезад.

Намоиши “Мӯъҷизаи рангҳои табиат” дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то санаи 25.08.2018 идома меёбад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамоиш аз коллексияи мусаввараҳои фонди Осорхонаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ва бахши Академияи мусаввирони Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони “Мӯъҷизаи рангҳои табиат”
Scroll to Top