Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

“Қалъаи Хуҷанд” ва рушди сайёҳӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

“Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” имкониятҳои васеъ барои рушди туризм ва ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар фароҳам меоварад. Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, ки дорои осорхонаҳои таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ-ҳамчун муассисаи фарҳангию фароғатӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд-ҳамчун мавзеи аҳамияти баланди таърихию фарҳангиро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».

Кишварҳое ҳастанд, ки бо ягон хосияте дар олам машҳуранд. Масалан, Туркиё бо чаҳор баҳре, ки дар он ҷо мавҷуд аст, диққати аҳли сайёраро ба худ мекашад, кишвари Шветсария бо кӯҳҳои Алп ва Миср бо аҳромҳои зебояш ба кишварҳои сайёҳӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон бошад, бо таъриху фарҳанги қадима, мардуми меҳмондӯст, кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, табиати афсункору афсонавӣ, манзараҳои дилфиреб ва дарёҳои кӯҳияш тавонистааст, ки диққати сайёҳонро ба худ кашад.

Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як гӯшаи нотакрори Тоҷикистон аст. Дар ин муассиса бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 3 конфронси илмӣ, 3 вохӯрӣ ва 10 намоишҳо баргузор гардид. Ба монанди: Конфронсҳои илмӣ: “Кишвари биҳиштосои мо”, “Ҳифзи асолати осори миллӣ”, “Осорхонаҳо макони таъриху тамаддун”, Вохӯрӣ: “Рисолати ватандорӣ”, “Модар сарчашмаи меҳру вафо”, “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд”, Намоишҳо: “Дастони модарони мо”, “Либоси миллӣ ва замони муосир”, “Аз қаъри таърих”...

Яке аз роҳҳои ибтидоӣ ва асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ дар осорхонаҳо мебошад. Зеро дар ин макон барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароити махсус муҳайё карда шуда, онҳо зери назорати касбӣ қарор мегиранд ва баъди таҳқиқу таҳлил дар намоишгоҳ ҷои худро меёбанд. Бо назардошти ин дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” комиссияи харидории хазинаи осорхона амал менамояд, ки он тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» фаъолият дорад. Аъзоёни ин комиссия баҳри ғанигардонии хазинаи осорхона намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд.

Ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» ва нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии нигораҳо аз мардум, бо мақсади пуррагардонии маъхази осорхона дар панҷмоҳаи аввали соли 2018 як ҷаласаи комиссияи харидорӣ гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 101 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ гардида, шумораи умумии нигораҳои фонди осорхона ба 13537 адад расонида шуд. Аъзоёни комиссияи фондӣ барои хазинаи осорхона сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашёҳои гуногуни таърихиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки алҳол кормандони илмӣ ба нигораҳои нав воридгардида тавсифномаи илмӣ тартиб дода истодаанд.

Дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз Қалъаи Хуҷанд дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 45682 нафар меҳмонони хориҷию дохилӣ дидан намуданд.

Ҳамчунин ин муассиса ҳамкориро бо донишгоҳҳои олии вилоят вусъат дода, ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба ин мавзеъи таърихӣ корбарӣ менамояд. Теъдоди зиёди донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, Литсейҳои касбӣ-техникӣ аз ин макони таърихӣ дидан намуданд. Ҳамчунин бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо истилоҳҳову калимаҳои хоси соҳаи фарҳанг ва бостоншиносӣ, ки барои фаъолияти ояндаи тарҷумонӣ бисёр муҳим мебошад донишҷӯёни ин донишгоҳҳо дар осорхонаҳои “Қалъаи Хуҷанд” таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ гузарониданд.

Бо мақсади ҷалби сайёҳони дохили кишвар ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Суғд бо мақсади ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна, шиносоӣ бо осори ниёгон, инчунин ба ифтихори эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти ш.Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сайри илмии мавзӯӣ ва дарсҳои кушод оид ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик баргузор гардида истодааст.

Яке аз вазифаҳои маҷмаа ин фаъолияти сайёҳӣ ва муаррифии объектҳои таърихию фарҳангӣ аст. Аз ин лиҳоз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шӯъбаи сайёҳӣ таъсис ёфта истодааст. Мақсад аз созмон додани ин шӯъба вусъат бахшидан ба корҳои сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохил ва хориҷ мебошад.

Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чун дурдонаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ таваҷҷӯҳи сайёҳони дохилию хориҷиро торафт зиёдтар ҷалб мекунад ва ҳар бинанда аз тамошои ин макон ба ҳунари волои наққошону кандакорон, кулолгарону сангтарошон, адрасу атласбофон ва дӯзандагону бофандагони тоҷик аҳсант мегӯяд.

Аслиниссо Ёдгорӣ

Корманди илмии

МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО“Қалъаи Хуҷанд” ва рушди сайёҳӣ
Scroll to Top