Рӯзҳои 6-7-уми июл дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд — 2018» баргузор гардид. Намояндагони доираҳои тиҷоратии Россия, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, беш аз 30 ширкат аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин соҳибкорону ҳунармандон аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон иштирок намуда, молу маҳсулоти худро барои намоиш ва фурӯш оварданд.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” як гӯшаи нотакрори Тоҷикистон буда, яке аз вазифаҳояш ин фаъолияти сайёҳӣ ва муаррифии объектҳои таърихию фарҳангӣ ба шумор рафта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шӯъбаи сайёҳӣ таъсис ёфта истодааст.
Бинобар он кормандони маҷмаа дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ба диққати иштирокдорони Ярмарка офтобаю кӯзаҳо, муаррификунандаи маҷмаа (проспект), буклетҳо, намудҳои хатсайрҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.