Ҷиҳати татбиқи қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” нуқтаҳои паёмро сармашқи кори худ намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии кишвари соҳибистиқлол дар экспозитсияҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти мавзӯи «Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол» лоиҳаи консепсияи илмӣ таҳия гардида, барои муҳокима ба Шӯрои илмии Осорхонаи таърихӣ пешниҳод гардид.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани маъхази осорхона санаи 25.04.2018 ҷаласаи харидории назди хазинаи маъхази осорхона баргузор гардида, 101 адад ашёҳои арзиши таърихӣ-фарҳангӣ дошта ба маблағи 17965,00 сомонӣ харидорӣ карда шуд. Ба 31 адад экспонатҳои нав ба осорхона ворид гардида, аз тарафи кормандони илмӣ тавсифномаҳои илмӣ тартиб дода шуд.
Кормандони шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеаи МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақша - чорабиниҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд ва нақшаи кории Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии ”Қалъаи Хуҷанд” оид ба гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва дар сатҳи баланд хизмат расонидан ба тамошобинон корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Тибқи нақшаи Раёсати маорифи МИҲД-и вилояти Суғд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсею гимназияҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои ҳарчи бештар ошно шудан бо таъриху фарҳанг, дар давраи таътили зимистона аз осорхонаҳои ҳудуди маҷмаа дидан ба амал оварданд.
Дар давраи фаъолияти шашмоҳа 3-маротиба вохӯрӣ, 3-маротиба конфронси илмӣ, 10-маротиба намоиш, 8-маротиба намоиши сайёр ташкил карда шуд.
Дар ин давра аз ҳудуди МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” кордори сафорати ШМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кейвин Ковекс, Сафири фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Найтхарт Хёфер Виссинг, ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистону Тоҷикистон, Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарояндаи шинохта Озодбек Назарбеков дидан ба амал оварданд.
Ҳамагӣ теъдоди тамошобинон аз ” Осорхонаи таърихии вилояти Суғд”, “Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов” ва ”Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ” 45682 нафарро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби кормандони илмии осорхонаҳои маҷмаа тибқи нақшаи корӣ оид ба ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ - фарҳангӣ аз шаҳрвандон бо мақсади ғанӣ гардонидани коллексияи фонди осорхона ба 20 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ варақаи бақайдгирӣ тартиб дода шуда, номгўи ашёҳои пешниҳодгашта барои харидорӣ ба қайд гирифта шуд.
Кормандони шӯъбаи дастхатҳо барои муайян намудани навиштаҷотҳои ҳуруфоти форсӣ - арабӣ дошта дар рӯйи санг, чӯб, асбобҳои рӯзғор, сафолакҳо ва сиккаҳои қадима барои тартиб додани ҳуҷҷатҳои илмӣ ба шӯъбаҳои таърих ва таърихи давраи муосир кӯмак расонида истодаанд. Дар давоми моҳ кормандони шӯъба 20 адад тавсифоти илмии китобу дастхатҳои воридгардидаро ба пуррагӣ таҳия намуданд.
Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳатии тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 37 бех дарахти Сосна, 10 бех Соснаи майда, 30 бех Дуб, 30 бех Мажевелник, 114 бех Садбарги бутта, 10 бех Сирени ҳиндӣ, 10 бех Кипаризи аризонӣ, дар маҷмӯъ 241 адад дарахтон ва 122490 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, яхоб монда, поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеъи боғ шаклдарорӣ карда шуд.
Баҳри фароғати истироҳаткунандагон тибқӣ реҷаи корӣ фаъолияти фаввораҳо ва обшорон ба роҳ монда шуд.
Кормандони “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда, дар таҷлили соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.