Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз санаи 28 июн то 2 июли соли 2018 дар вилояти Суғд Фестивали минтақавии сайёҳии “Марҳабо ба Суғди бостон” баргузор гардид.
Зимни рафти Фестивал иштирокчиён аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилоят дидан намуда, аз ҷумла 100 нафар меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Арабистони Саудӣ, пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе ва Хатлону Бадахшон ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд. Меҳмонон аз таърихи бою куҳани Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос гардида, ба китоби фикру мулоҳизот соядаст гузоштанд.
Меҳмононро Ҳабибулло Амирбекзода - муовини якуми Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдумаҷид Раҳимов - мудири шӯъбаи рушди сайёҳии МИҲД вилояти Суғд ҳамроҳӣ намуданд.