Аз санаи 20 июн то 4 июли соли равон дар Қалъаи Хуҷанд12 нафар донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултаи таърих ва ҳуқуқ, ихтисоси таърих-бостоншинос таҷрибаомӯзии худро гузаронида истодаанд.
Таҷрибаомӯзонро Набиҷон Раҳимов - д.и.т, профессор, мудири кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва Моҳирахон Ғайбуллоева- муаллимаи калони кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷик роҳбарӣ намуда, равиши ҳафриёти бостоншиносиро фаҳмонида истодаанд.
Мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шиносоии бостоншиносони оянда бо ёдгориҳои бостоншиносӣ ва омӯзиши қабатҳои мадании Қалъаи Хуҷанд мебошад.