Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Созҳои мусиқӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Созҳои мусиқӣ як ҷузъи ҳунарҳои миллӣ маҳсуб ёфта, ҳифзу муаррифии онҳо пеш аз ҳама ҳамчун арзиши миллӣ дар осорхонаҳо барои равшан намудани таърихи фарҳанги мусиқии халқи тоҷик аҳамияти бузург дорад. Маҳз рисолати бузурги осорхонаҳо буд, ки дар кори гирдоварӣ, ҳифз ва омўзишу муаррифии арзишҳои миллӣ, аз ҷумла созҳои мусиқӣ нақши муҳимро бозидаанд ва беҳтарин ганҷинаҳои фарҳангии миллии моро аз боди фаноравӣ эмин нигоҳ доштаанд. Созҳои мусиқӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бо маврид ҳифзу муаррифӣ мешаванд ва ба намоиш гузоштани созҳо дар ин осорхона барои равшан намудани фарҳанги мусиқии ин минтақа аҳамияти калон дорад.

Имрўз дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 30 адад созҳои мусиқии гуногун ҳифз ва муаррифӣ карда мешаванд, ки аз созтарошони моҳири минтақа Шокиров Абдуқодир, Абдусамадов Абдуғаффор ва ҳунармандони асил Маъруфхоҷа Баҳодуров, Наимҷон Азимов, Нишонов ва ғайра ба ёдгор мондаанд.

Гарчанде, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд соли 1926 дар бинои масҷиди Шайх Маслиҳатдин расман ба фаъолият шурӯъ карда бошад ҳам, аммо созҳои мусиқӣ ба осорхона аз солҳои 50-уми асри XX ворид гардидаанд.

Дар асоси қарори КМ Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 1952 №16 «Дар бораи беҳтарсозии вазъи осорхонаҳои Тоҷикистон» экспозитсияи намоишии осорхонаи вилоятӣ бо сарварии Бобоев А. навсозӣ мешавад. Созмон додани экспозитсияи нав барои муаррифии   созҳои мусиқии осорхона низ мусоид гардид.

Тибқи ахбороти ҳуҷҷатҳои фонди осорхонаи мазкур аввалин созҳои мусиқӣ 12 сентябри соли 1959 аз ҷониби осорхона аз созтароши машҳури ш. Хуҷанд Шокиров Абдуқодир дар шумораи 10 адад аз қабилӣ: тор, дутор, танбўр, ғижжак, рубоби тоҷикӣ, рубоби қошғарӣ, чанг, най, доира ва қошуқ бо маблағи 778 рубл харидорӣ шудааст. Созҳои мазкур аз ибтидои воридшавӣ дар экспозитсия ба маърази тамошо гузошта шуданд. Созҳои Шокиров А. имрўз пурра дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҳифз мешаванд.

Соли 1962 ба осорхона як сози хело нодир ва аҳамияти таърихӣ дошта ворид гардид, ки ин танбўри яке аз намояндагони машҳури мусиқии Хуҷандшаҳр Содирхон Ҳофиз (1847-1931) мебошад. Танбўри Содирхон соли 1962 аз ҷониби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри мазҳака-мусиқии  ба номи Камоли Хуҷандӣ (он вақт ба номи А.Пушкин) Мухтор Самандаров ба осорхона супорида мешавад. Танбўри Содирхон то соли 2011 дар шуъбаи давраи тоинқилобии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба намоиш гузошта шуда, аз соли 2012 то ин ҷониб дар толори созҳои мусиқии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.

Инчунин соли 1962   ба осорхона боз якчанд сози мусиқӣ аз қабили 1 адад ғижжак, 1 адад дутор, 2 адад таблак ҷамъоварӣ шудааст, ки  то ҳол дар осорхона ҳифз мешаванд.

Имрўз дар фонди Осорхонаи таърихии вилоят сурнайи донандаи мусиқии халқии тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон Наимҷон Азимов (1910-1993) ҳифз карда мешавад, ки октябри соли 1983 ба осорхона ворид гардидааст.

Баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ бештар ҷамъоварӣ намудани арзишҳои миллӣ, ба хусус созҳои мусиқӣ дар осорхонаҳо фазои мусоиде таъмин гардид. Ба мақсади амалӣ намудани ин иқдом декабри соли 2014 аз созтароши машҳури Хуҷандшаҳр, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамадов Абдуғаффор 10 адад созҳои мусиқӣ аз қабили най, рубоб, дутор, думбра, тор, сетор, соз, танбўр, доира ва таблакро харидорӣ намудааст.

Имрўз дар Осорхонаи таърихӣ танбўр ва сози торӣ-камонӣ-сатоӣ яке аз намояндагони барҷастаи мусиқии Хуҷандшаҳр, устоди Шашмақом Маъруфхоҷа Баҳодуров (1920-1996) ҳифз мешаванд, ки созҳои мазкур октябри соли 2016 бо ташаббуси роҳбари осорхона Мансурҷон Бойматов ҷамъоварӣ шудааст.

Аз омўзиши мавзўи мазкур бар меояд, ки дар ҳақиқат Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифии созҳои мусиқии миллӣ нақши калидӣ дорад. Имрўз дар гўшаи намоишии асрҳои XIX-и осорхона 1адад таблак ва 1 адад карнай ба намоиш гузошта шудааст, ки ба намоиш гузоштани чунин намуди созҳо асрори худро дорад. Яъне мардуми Хуҷанд аз қадим тавассути сози зарбии таблаку нағора ё карнаю сурнай дар ҷашни Наврўз ё тӯю маъракаҳои мардум ҳунарнамоӣ мекарданд. Аз ҷониби дигар сози зарбии нағора имрӯзҳо дар байни мардум кам истифода мешавад ва рисолати бузурги осорхона дар ҳаминаст, ки чунин намуд созҳои нодири тоҷиконро ҳифз ва муаррифӣ менамояд.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСозҳои мусиқӣ дар фазои Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
Scroll to Top