Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Пойдевори беҳтарин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ваҳдат – оштии байни тоҷикон, решаи ин комёбии таърихӣ дар ҳамкорӣ, бародарӣ, боварӣ ва дӯстӣ дар муносибатҳои дохили миллат ва байни миллатҳоро таъмин менамояд.

“Ваҳдати миллӣ – бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва ғайра болотар ва дахлнопазир буда, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”, - қайд кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар таърихи миллати тоҷик бисёр санаҳои мубораку фархунда ва бузург сабт гардидаанд, ки нафақат таҷлили ҳарсола, балки омӯзишу таҳлил ва натиҷагирии онҳо ба рушди маънавию фарҳангии ҷомеа, тарбияи ватанпарастию инсондӯстии омма ва ниҳоят таҳкими давлатдорӣ мусоидат менамояд. Рӯзи Ваҳдати миллӣ, яъне рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҳамин гуна санаҳои бузурги таърихист, ки 27-июни соли 1997 дар шаҳри Маскав миёни тоҷикон ба даст омада буд. Ҳар қадар паҳлӯҳои гуногуни ин ҳуҷҷати таърихӣ омӯхта шавад, ҳамон қадар бузургӣ ва аҳамияти таърихии он сол ба сол бештар аён мегардад. Таърихшиносону ҷомеашиносон онро чун санаи сарнавиштсози миллат ном мебаранд. Бисёр кишварҳои олам барои омӯзиши сулҳи тоҷикон конфронсҳои байналмилалӣ доир карда, аз он таҷриба мегиранд ва бар нафъи мамлакаташон истифода мебаранд.

Раванди расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Маскав дар дили халқи Тоҷикистон боварии комилро ба вуҷуд овард, ки дар сарзамини тоҷикон сулҳу салоҳи доимӣ ва пойдор маъво хоҳад гирифт.

Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва ваҳдати миллиро бештар дарк ва қадр менамоем.

Ваҳдат ин натиҷаи ҳамфикрӣ, ҳамақидагӣ, ҳамтадбириву ҳамандешагӣ аст. Устувории ваҳдатро ҳифз бояд кард. Натиҷаи ваҳдат некӯаҳволӣ, оромиву рушду камолоти давлат ва ҳар як фард аст. Ваҳдати миллӣ пойдевори беҳтарин барои дастовардҳои ояндаи диёри мост. Он барои насли муосир ва фардои миллат чун чароғест, ки роҳи ояндаро равшан месозад.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОПойдевори беҳтарин
Scroll to Top