Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ҷашни “Ваҳдати миллӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД вилояти Суғд барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба “Шоҳмот” баргузор гардид.
Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд иштирок намуданд, ки аз байни онҳо 32 нафар аз синни 6 то 12 сола, 28 нафар аз синни 13 то 17 сола ва инчунин 22 нафар аз синни 18 болоро ташкил медоданд.
Дар охир ғолибони мусобиқа аз тарафи раёсатҳо бо диплом, ҷому нишони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.