Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Меҳмонони Ӯзбекистон дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва мулоқоти сатҳи олӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон аҳамияти бузурги таърихӣ унвон намуд. Зеро дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардуми шарифу тамаддунофар, фарҳангсолору меҳанпарасти тоҷику ӯзбек ин рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб шуда, ягон фарди бедордилу меҳанпарастро наметавонад бетараф гузорад. Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон ба умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофиву таърихӣ ва фарҳангии ин кишварҳои ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра дорад.

Бино ба ин ҳамкорӣ мардуми зиёди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф оварда, аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дидан намуда истодаанд. Аз ҷумла ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд. Меҳмононро Раиси вилояти Суғд Р.Аҳмадзода, Раиси Кумитаи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Ятимов, Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода ҳамроҳӣ намуданд. Меҳмонон аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуда, баъди гузоштани соядаст ба китоби фикру мулоҳизот ба пояи муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ гулчанбаргузорӣ намуданд.

Ҳамчунин чанде пештар аз ин мавзеъ ҷонишини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳунарманди шинохта Озодбек Назарбеков бо ҳамроҳонаш аз “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуда буданд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМеҳмонони Ӯзбекистон дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top