Яке аз роҳҳои ибтидоӣ ва асосии ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ҷамъоварии ашёҳои таърихӣ дар осорхонаҳо мебошад. Зеро дар ин макон барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ шароити махсус муҳайё карда шуда, онҳо зери назорати касбӣ қарор мегиранд ва баъди таҳқиқу таҳлил дар намоишгоҳ ҷои худро меёбанд. Бо назардошти ин дар назди Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” комиссияи харидории хазинаи осорхона амал менамояд, ки он тибқи талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» фаъолият дорад. Аъзоёни ин комиссия баҳри ғанигардонии хазинаи осорхона намунаҳои беҳтарини осори таърихию фарҳангиро ҷустуҷӯ ва ҷамъоварӣ менамоянд.
Ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар солҳои 2012-2020» ва нақшаи корӣ оиди ҷамъоварии нигораҳо аз мардум, бо мақсади пуррагардонии маъхази осорхона дар панҷмоҳаи аввали соли 2018 як ҷаласаи комиссияи харидорӣ гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ 101 адад ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ ва харидорӣ гардидааст. Аъзоёни комиссияи фондӣ барои хазинаи осорхона сандуқ, чархдег, чархи ресмонресӣ, зарфҳои сафолин, лавҳаҳо, сӯзаниҳо, сиккаҳо, гӯшвора ва дигар ашёҳои гуногуни таърихиро ҷамъоварӣ намудаанд, ки алҳол кормандони илмӣ ба нигораҳои нав воридгардида тавсифномаи илмӣ тартиб дода истодаанд.