Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боғи Камол дар фасли баҳор

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Боғ, равза, равзагоҳ, фирдавс, майдони сабзу хуррам, ки дар он бутта, дарахтони меваю бемева ва гулҳои рангоранг мерӯяд. Бино ба маъхазҳои таърихӣ аҷдоди тоҷикон дар давраи Подшоҳони Юнону Бохтар ва аҳди Кушониён ба бунёди боғҳо машғул буданд. Солҳои 400-350 то мелод яке аз шаҳрҳои Суғдзамин Истаравшан бо боғоти дарахтони мевадор ва токзори худ шӯҳрати ҷаҳонӣ дошт. Дар асрҳои XIV-XV боғҳои шаҳрҳои қадимӣ, аз ҷумла боғҳои шаҳри Самарқанд (Боғи Биҳишт, Боғи Дилкушо, Боғи Чинор, Боғи Ҷаҳоннамо ва ғ.) машҳур буданд. Дар ин боғҳо  меваҳои гуногуни хуштамъ, ҳатто паррандагони хушхону зебо, сарҳавз ва фаввораҳои об мавҷуд буданд. Санадҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки дар Боғҳои Самарқанд аҳли илму адаб ва вакилону арбоби мамолики хориҷӣ пазироӣ карда мешуданд.

Анъанаи боғу боғдориро тоҷикон то ҳол идома дода истодаанд. Мисоли равшани он Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ аст, ки яке аз беҳтарин ҷои фароғату саёҳат дар ҷумҳурӣ шинохта шудааст. Дар ин макон дар мавсими имсолаи баҳорӣ 52000 адад гул ва наздик 150 адад дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд. Кормандони боғ бо сарварии директори Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ Шодибеков А.Қ. ҳамарӯза баҳри боз ҳам зеботар гардонидани он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2016 Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ ғолиби озмуни «Соли бунёди боғҳои фарҳангӣ -фароғатӣ» гардида буд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоғи Камол дар фасли баҳор
Scroll to Top