Шуруъ аз соли 1978 ҳамасола дар таърихи 18-уми май - Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад, ки зиёда аз 150 давлати дунё ин рӯзро таҷлил менамоянд.
Бахшида ба ин санаи муҳим дар тамоми осорхонаҳои вилояти Суғд аксияи “Шабе дар осорхона” баргузор гардид, ки шаҳрвандон, меҳмонони ватаниву хориҷӣ, муҳассилин ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаву олӣ ройгон (аз соати 16-00 то 22-00) аз осорхонаҳо дидан намуданд.
Аз он ҷумла ба осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” 2533 нафар, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Исфара 270 нафар, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Спитамен 655 нафар ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Конибодом 450 нафар тамошобинон ташриф оварданд.
Ҳамчунин дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ намоиши Ретро – автомобилҳо ва дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба ин рӯз гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Аз қаъри таърих” ташкил карда шуд. Дар намоиш ашёҳои таърихии ҷамъовардаи гирдоварандаҳо Усмонов Н., Маҳмудов М. ва Алиев А. ба маърази тамошо гузошта шуданд.