Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Кандакории рӯи чӯб аз коллексияи фонди осорхона

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Кандакорӣ - яке аз қадимтарин ва маъмултарин намуди санъати амалист. Кандакорӣ дар меъмории ороиши биноҳо, истеҳсоли ашёву анҷоми рӯзгор ва ғайра истифода мешавад. Дар баробари нақшу нигори маъмул: ромб, чорунсур, хӯшаи ангур ва гул суғдиён муҷассамаи одамон ва дигар мавҷудоти воқеиро низ меофариданд. Масалан: раққоса, ҷонварҳои дубаҳраи сусмормонанд, аждар ва ғайра.

Дар кандакории тоҷик нақшу нигори маъмултарин гиреҳ, ислимӣ, катиба ва ҷонварнусха ба шумор мерафт. Ба қатори ороишоти гиреҳ секунҷа, мураббаъ, шаклҳои дуруст ва нодурусти шашкунҷа, ҳашткунҷа, ситорачаҳои теғадор, чоркалид, доира, морпеч, кунгура ва ғайра дохил мешуданд. Бисёрии онҳо ҳамчун даврача, тугмачаҳо, чоркалид ба наққошони пеш аз исломӣ шинос буданд. Нақшу нигори доирагӣ, ки ҳамчун рамзи офтоб ба ҳисоб меравад, мазмуни натанҳо офтоб, равшанӣ, зиндагӣ, гармӣ, боигарӣ ва некуаҳволӣ буд, балки монеъигарӣ, ғуломӣ, асирӣ ва сарҳадро низ ифода мекард.

Дар ёдгориҳои кандакории асрҳои X-XIV катибаҳои бо хатти куфӣ, насл, сулс навишташуда вомехӯранд. Чунин катибаҳоро бештар дар дарҳову сутунҳои кандакорӣ ва пештоқҳо сабт мекарданд.

Намунаҳои санъати кандакорӣ дар рӯи чӯб дар намоишгоҳ ва махзани Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла дар экспозитсияи намоиши “Бунҷикати (Шаҳристон) асримиёнагӣ” экспонатҳо - пораҳои нимсӯхтаи чӯби кандакорӣ кардашуда, ки дар китоби воридотии ЛОМ таҳти рақами 320 қайд гардидаанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Ин пораҳо соли 1957 дар натиҷаи ковишҳои археологӣ аз Шаҳристон ёфт шудаанд. Инчунин ҳангоми ҳафриёти археологӣ аз димнаҳои Шаҳристон 24 адад пораҳои чӯби кандакорӣ кардашуда ёфт шудаанд, ки ин бозёфтҳо ба устохонаи аз нав барқароркунии Эрмитажи Санкт-Петербург фиристода шуда буданд. Аз ин бозёфтҳо ҳоло 5 адад чӯби кандакорӣ дар китоби воридоти ЛОМ таҳти рақами 321 сабт гардида, дар фонди осорхона маҳфузанд.

Агар ба тасвири яке аз онҳо назар афканем, нақши кандакории гулеро мебинем, ки танаи он рост ба боло сабзида, ба ду тараф шохчаҳо рондааст ва ҳар як шохча бо тасвири гул ба охир мерасад. Инчунин шаклҳои ҳандасавию растанигӣ дар кандакорӣ мушоҳида мегарданд. Дар чӯби сӯхтаи дуюм нақши шаклаш гулмонанд, себаргаҳои доирашаклу дарозрӯя кандакорӣ карда шудааст. Дар порчаҳои сеюм ва чорум нақши пулакчаҳои пай дар пайи моҳимонанди барҷаста канда шудаанд. Чунин пораи чӯбҳои кандакорӣ кардашуда аз вайронаҳои шаҳрҳои қадимаи Шаҳристон ва Панҷакент низ ҳангоми ҳафриёти бостоншиносӣ ёфт шудаанд, ки ба асрҳои VII-VIII мутааллиқанд.

Дар фонди осорхона дарҳои кандакорӣ кардашударо дидан мумкин аст, ки тасвироти кандакоришудаи онҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Дар китоби воридотӣ таҳти рақамҳои КВ-1084, КВ-1085, КВ-1086 дарҳои кандакорӣ кардашуда, сабт гардидаанд, ки онҳо соли 1962 ба осорхона ворид карда шудаанд. Баландии дарҳо аз 182см то 185см буда, бари як табақи дар 50см мебошад. Онон ба асри XIX ва аввали асри XX тааллуқ доранд. Нақшу нигори дарҳо бо ҳаргуна усулҳои кандакорӣ иҷро гардидаанд.

Соли 2016 ба фонди осорхона дари дутабақаи кандакорӣ кардашуда ворид гардид. Табақи дар аз чӯб сохта шуда, шаклаш дарозрӯяи чоркунҷа аст. Дар рӯи ҳар дуи табақи дар бо як андоза 5 адад нақши лавҳи чоркунҷа мавҷуд буда, дар рӯи он нақшҳои гуногун бо услуби ҳандасавӣ (геометрӣ) ва муқарнас (фигуравӣ) ва дар атрофи онон ҳошияи кандакорӣ кардашуда мавҷуд аст. Ин дари дутабақа ба охири асри XIX ва аввали асри XX мутааллиқ аст.

Сутунҳо як ҷузъи иншооти меъмории ороишӣ дар айвонҳо, масҷидҳои ҷомеъ ва истиқоматгоҳҳо мебошанд. Бо баробари ба толори “Саразм – оғози тамаддуни халқи тоҷик”-и Осорхонаи вилоятӣ ворид шудан, чашми тамошобин ба пойсутуни кандакорӣ кардашуда меафтад, ки бо зебогии худ бинандаро мафтун менамояд. Пойсутун дар китоби варидотӣ таҳти рақами КВ-352 Э-314 сабт гардидааст, ки ин сутун яке аз сутунҳои кандакории Масҷиди ҷомеаи деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, он соли 1975 ба осорхона ворид гардидааст ва ба асрҳои XI-XII тааллуқ дорад. Баландии пойсутун 290см буда, дар он нақшҳои нафиси ҳандасавӣ кандакорӣ карда шудааст.

Дар даврони Истиқлолият Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди ҳунарҳои халқӣ, санъати амалӣ, аз ҷумла ҳунари кандакорӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Ҳунармандони тоҷик анъанаи ҳунари кандакории ниёгони худро давом дода, дар бунёди иншоотҳои фарҳангӣ, ҷамъиятӣ маснуотҳои кандакорӣ кардашуда саҳми назаррас доранд. Ин ҳунари волоро мо дар чойхонаҳои Боғи миллӣ, Қасри маданияти Арбоб, иншоотҳои Боғи истироҳатию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дари даромадгоҳи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва толорҳои намоишии он ва дигар иншоотҳои бунёдгардидаи кишварамон дида метавонем.

Хуллас, лозим аст, ки падидаҳои беҳтарини осори санъати кандакории миллӣ, фарҳанги моддии таърихи кишварамонро ҳифз намоем ва манзури аҳли ҷомеа гардонем. Кори таҳқиқу ҳифз ва тарғибу ташвиқи осори ҳунари кандакориро ҳамчун мероси миллии ниёгонамон боз вусъат диҳем, зеро ин ҳунар санъати нотакрор ва дорои бадеияти баланд буда, он фарҳанг ва ифтихори миллии мост.

Ӯрмонҷонова Адибахон

Сармуҳофизи фонди

Осорхонаи таърихии вилояти Суғд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКандакории рӯи чӯб аз коллексияи фонди осорхона
Scroll to Top