Санаҳои 8 – 9 майи соли 2018 ба вилоят ҳайати сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бобати иштирок дар Форуми муштараки сармоягузорӣ бо иштироки доираҳои сармоягузорӣ ва соҳибкории вилояти Суғд ташриф оварданд. Боиси зикр аст, ки сафари меҳмонон тавассути шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд сурат гирифта, онҳо ба ҷойҳои таърихӣ, табиати зебо ва манзараҳои дилфиреби вилоят аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар форум муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Мумин, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал – Бадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Зарробиддин Қосимӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, меҳмонон ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварда, аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ, Мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ дидан намуданд. Меҳмононро Муовини Раиси вилоят – А.Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд М.Муҳаммадзода ҳамроҳӣ намуданд.