Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ёди қаҳрамонон

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Дар МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  сабқати нақлиётҳои сабукрави солҳои бароришашон 1945-1980 баргузор гардид.

Ин чорабинӣ ба 73-юмин солгарди Иди Ғалаба бахшида шуда, дар он намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр ва вилоят, намояндагони муассисаҳои фарҳангии вилоят, намояндагони ҷанговарони байналмилалӣ, соҳибони нақлиётҳои сабукрави солҳои бароришашон 1945-1980, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳру вилоят иштирок доштанд. Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ҷамъомадро оғоз намуда, ҳамагонро бо меҳмонон шинос намуданд. Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ш.Хуҷанд – Орифӣ М.Н., Раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилали вилояти Суғд – К.Содиқов ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсисдиҳандаи Осорхонаи “Шӯҳрати ҷангӣ” дар МТМУ №3 ш.Хуҷанд – М.Аҳмадов суханронӣ намуданд.

Мақсади ҷамъомад нишон додани роҳи ҷангии аъзоёни бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандозии тоҷик буд, ки аз Қалъаи Хуҷанд оғоз гардидааст.

 Хатсайри сабқат аз Қалъаи Хуҷанд оғоз гардида, то Роҳи оҳани шаҳри Ғафуров идома ёфт. Иштирокдорон дар назди муҷассамаи шаҳидони ҶБВ дар ш.Ғафуров ва  дар майдони Ғалабаи ш.Хуҷанд гулчанбарҳо гузоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар сабқат 17 адад мототсиклҳо ва 14 адад мошинҳои сабукрав бо акси қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок доштанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЁди қаҳрамонон
Scroll to Top