Ҷашн гирифтани Рӯзи Ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар руҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
9-май Рӯзи Ғалаба ба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд, бо гузашти солҳо шукуҳ ва шаҳомати Ғалабаи Бузург барои мардуми олам торафт аёнтар мегардад.
Фидокориҳои фарзандони тоҷик дар ин ҷанги хонумонсӯз намунаи олии ибратомӯзӣ дар заминаи эҳтирому гиромидошти Ватан ва арзишҳои он барои наслҳои ҷавон маҳсуб мегардад.
Корнамоӣ ва ҷонфидоии падарону модарон моро даъват менамояд, ки Ватанамонро азизу гиромӣ дорем ва барои ободии кишвари худ ҳиссаи арзанда гузорем.
Иди Ғалаба муборак ҳамдиёрони азиз!