Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо Донишгоҳҳои олии маркази вилоят дар бобати ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолии донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳамкории зич дорад.
Дар асоси шартнома таҷрибаи истеҳсолии пешаздипломии донишҷӯёни курси V гурӯҳи тоҷикӣ таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангии ДДҲБСТ факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ оғоз гардида, донишҷўён бо фаъолияти илмию фарҳангии маҷмаа аз наздик шинос шуда истодаанд. Таҷрибаи истеҳсолии пешаздипломӣ то санаи 21.04.2018 идома меёбад.
Аз санаи 6.02.2018 таҷрибаи истеҳсолии донишҷӯёни курси IV гурӯҳи англисӣ ва гурӯҳи олмонии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултети забонҳои хориҷӣ ихтисоси назария ва амалияи тарҷума бо роҳбарии Заҳурзод М.И.- муаллими кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ ва муаллимаи кафедраи забони олмонӣ Ф.Олимова оғоз намуда, аз наздик бо фаъолияти илмию фарҳангии осорхонаҳои ҳудуди маҷмаа шинос шуда, оиди тарзи ҳуҷҷатгузории шӯъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ гирифтанд.
Ҳамчунин донишҷӯён-таҷрибаомӯзони курси II факултаи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналҳалқӣ ихтисоси таърихи сиёсатшиносии ДДҲБСТ бо роҳбарии Ҷ.Ҳомидов – дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик аз санаи 9.02.2018 ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе таҷрибаи истеҳсолиро ба роҳ монда, бо фаъолияти илмии осорхонаҳои маҷмаа шинос шуда истодаанд. Таҷрибаомўзии донишҷӯён то санаи 18.05.2018 идома меёбад.
Алҳол, аз санаи 03.05.2018 донишҷӯёни ихтисосҳои ғайриомӯзгории факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба таҷрибаомӯзии таълимиро дар осорхонаҳои МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” оғоз намуданд. Ҳамчунин донишҷӯёни Литсейи касбӣ-техникии сохтмон ихтисоси ташкилкунандаи сайёҳӣ дар ин ҷо таҷриба меомӯзанд.