Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд расми кушоди намоиш таҳти унвони “Либоси миллӣ ва замони муосир” доир гардид.
Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов намоишро оғоз бахшида, суханро ба С. Ҳасанов - дотсенти кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, узви Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. С.Ҳасанов аз ҳамкориҳои муташаккил байни Осорхонаи таърихӣ ва Академияи мусаввирон ёдовар шуда, зикр доштанд, ки ин даҳумин намоиш дар ду соли охир аст. Ҳамчунин аз ҷонибиАкадемияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд муҳассилини Мактаби рассомии бачагонаи №1, №2, донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз, факултети санъат, факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Сипас Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов ва намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ф.Усмонова лентаи рамзиро бурида, намоишро оғоз бахшиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар намоиш 75 адад аксу мусаввираҳои зиёда аз 30 нафар мусаввирону аксбардорон ба маърази тамошо гузошта шуда аст. Хусусан аксҳои бардоштаи аксбардори ҷавон аз Фотостудияи “Акс” С.Баротов хеле диққатҷалбкунанда буд. Намоиши аксҳои “Либоси миллӣ ва замони муосир” то охири моҳи ҷорӣ идома меёбад. Ҳаводорону мухлисони ин намуди ҳунарро ба тамошо даъват менамоем.