Ҳоло мо дар рӯзҳое қарор дорем, ки “ҳафтаи поси хотир” мегӯянд. Дар ин айём бо баргузор намудани ҳар гуна вохӯриҳову чорабиниҳо хотираи қаҳрамонон, шаҳидон ва қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945-ро зинда медоранд.
Ба ёд овардани корнамоиҳои ҷангии падарони қаҳрамон, ки дар воқеаҳои мудҳиштарини таърихи асри ХХ-Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо анҷом додани қаҳрамониҳои бемисли ватандӯстона дар таъмини Ғалаба бар зидди истилогарони фашистӣ ҳисса гузоштаанд, ниҳоят муҳим мебошад.
Аз ин хотир дар толори Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” чунин як вохӯрӣ бо иштирокдорони бевоситаи набардҳои хунин таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд”, баргузор гардид. Дар вохӯрӣнамояндагони муассисаҳои фарҳангии вилоят, аз Шӯрои ҷанговарони байналмиллалӣ, устодону таҷрибаомӯзони ДДХ, омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таълимии умумии шаҳри Хуҷанд, муҳассилини Муассисаи таълимии №2 ва Гимназияи №24-и шаҳр, кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”, намояндагони васоити ахбори оммаи шаҳру вилоят иштирок доштанд.
Ҷамъомадро омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов оғоз намуда, суханро ба мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги вилоят Ф.Усмонова доданд. Он кас ба аҳли нишаст табрикоти МИҲД-и Раёсати фарҳангро расониданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд-М.Орифӣ таҳти унвони “Саҳми тоҷикистониён дар ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ” сухан ронда, зикр доштанд, ки “Дар он 1418 шабонарӯзи фаромӯшнашавандаи муҳорибаҳои хунин 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон низ иштирок доштанд, ки 78ҳазор нафари онҳо аз вилояти Суғданд. 45ҳазор нафар дар заводҳои ҳарбии ақибгоҳӣ бо меҳнати пурмашаққат рӯзи Ғалабаро наздик оварониданд. Аз байни фиристодагони вилояти Суғд 55ҳазор нафар ба гирифтани медалу орденҳои ҷангӣ мушарраф шуданду 15нафар соҳиби номи баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардидаанд. Ҷавонмарди шуҷоъи суғдӣ Аҳмадҷон Рӯзиев Байрақи сурхро ба дарвозаи Бранденбурги Олмон овехтааст.” Чунин қаҳрамониҳову ҷонбозиҳои фиристодагони Тоҷикистон кам нестанд.
“Родмардони Ватан: бо пайроҳаи падарони диловар” дар ин бобат номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватани ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров-Ш.Шарипов андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки он рӯзҳои мудҳишро насли имрӯз танҳо аз китобҳо мехонанду тавассути навори кино тамошо мекунанд. Вале онҳое, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар бурдаанд аз баҳри фронт чизеро дареғ намедоштанд. “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба” шиори ҳамагон гардида буд. Ғайр аз либосу пойафзол ва меваҳои хушки ҷамъгардида, барои қатораи танкҳои Тоҷикистон 84млн сӯм ва зиёда аз 35млн сӯм барои сохтани самолётҳо ҷамъ гардида буд. Ш.Шарипов, ки худ ҷанговари байналмилал ҳастанд, ба аҳли нишаст, оиди Ҷанги Афғонистон (солҳои 1979-1989) низ маълумот доданд. Кору пайкор ва шуҷоати родмардон дар саҳифаҳои таърихбо хати заррин сабт гардидааст.
Таҳти унвони “Бригадаи 99-уми алоҳидаи тирандозии тоҷик ва роҳи паймудаи он” – М.Аҳмадов-корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии Маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ, таъсисдиҳандаи осорхонаи “Шӯҳрати ҷангӣ” дар муассисаи таҳсилоти умумии миёнаи №3-и шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз қаҳрамонии онҳое, ки аз соҳили Сир то лонаи душман рафтаанд, ёдовар шуданд. Ҳамчунин аз бераҳмиҳои фашистони немис ва беномусии хоинон қиссаҳо намуданд.
“Кор ва пайкори онҳо абадист”-роҷеъ ба ин мавзӯъ корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири Осорхонаи таърихии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” М.Мамадҷонова маърӯза намуданд. Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ собит сохт, ки инсоният бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои умумибашарӣ муттаҳид ва якдилу якмаром шавад, онҳоро ҳатман пешгирӣ ва бартараф карда метавонад. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо муттаҳидиву дӯстии халқхо, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум миёни онҳо сулҳу суботи сартосарӣ ва пешрафту тараққиётро дар тамоми сайёра таъмин менамояд.
Дар рӯзҳои ҷашну маросимҳои бошукӯҳ анъана гардидааст, ки муҳассилини болаёқату боистеъдоди макотибҳо ба сафи созмони талабагӣ бо тантана қабул гарданд. Дар ин вохӯрӣ низ муҳассилини Гимназияи №24-ро ба ин созмон қабул гардиданд.
Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамони даврони мо бобои Ахмедов Қориҷони 95-сола қисса менамоянд, ки «Вақте 18-сол доштам ин ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид. Бо хоҳиши худ ба ҳифзи Ватан бархостам ва баъди итмоми мактаби ҳарбӣ роҳи ҷангии ман оғоз гардид. Дар муҳорибаҳои пуршиддати Сталинград иштирок карда, ярадор гардидам. Баъди барқарор намудани саломатиам муҳорибаро бо фашистони ғаддор идома дода, дар озодкунии шаҳрҳои Киев, Житомир, ҷумҳуриҳои Чехословакия Полша, Австрия иштирок намудам. Баъди ба даст овардани Ғалаба сарбаландона ба Тоҷикистони азиз баргаштаму алҳол давлати пирӣ меронам» ва ҳамаи ҳозиринро дуои нек намуданд.
Дар қисмати адабӣ-бадеии чорабинӣ муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 ва Гимназияи №24 ба номи академик Б.Ғафуров дар васфи Ватан-Модар шеъру сурудхонӣ карданд.
Насли наврас тавассути шеърҳо тавонистанд мудҳишии ҷанг ва қаҳрамониҳои мардуми Шӯравиро нишон диҳанд. Хусусан қиссаи партизанбачаи 14-сола хеле мароқангез буд. Аҳли нишаст аз шеъру сурудхонии муҳассилин гоҳе ба гиря меомаданду гоҳе бо ҷӯшу хурӯш ҳамовози онҳо мегардиданд.
Гарчанде, ки аз он воқеаҳои гӯшношудидаву чашмнодида зиёда аз 70сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале имрӯз мо ҷавонон бо вуҷуди он ки рӯзи хунрезиро бо чашми худ надида бошем ҳам,он рӯзҳои мудҳишро аз хотир нахоҳем бурд. Имрӯзҳо ҳам, ки хатари ҷанг аз байн нарафтааст посдори сулҳу амният хоҳем буд.