Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Айнӣ-таърихшинос

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бахшида ба 140-солагии Садриддин Айнӣ

                      

Садриддин Айнӣ-шоир, нависанда, олим ва ходими намоёни Тоҷикистон, нахустин президенти Академияии Илмҳои Тоҷикистони Шӯравӣ, барандаи ҷоизаҳои давлатии шӯравӣ, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон буда, як давраи таърихии миллати тоҷик ба номаш сахт алоқаманд аст.

Садриддин Айнӣ дар солҳои 20-и асри ХХ дар ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди адабиёт, матбуот, нашриёт, маориф ва фарҳанги нави тоҷикӣ саҳм гирифт. Дар ҷараёни баҳсҳои забони адабии тоҷик хидмати устод Айнӣ хеле бузург аст. Солҳои 30-40 дар баҳсу мунозира оид ба мероси адабии тоҷикон саҳм гирифт ва як силсила асарҳои илмӣ-тадқиқотӣ навишт.

Устод Айнӣ ходими барҷастаи маданияти Осиёи Миёна, сардафтари адабиёти муосири тоҷик мебошад.

Садриддин Айнӣ ҳамчун таърихнигор асарҳое аз қабили “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” (1918-ин асар танҳо соли 1384=2004 дар Эрон ба табъ расида, соли 2005 ба ҷилди 15 “Куллиёт”-и Айнӣ ворид шуд), “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” (1920-1921), “Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро” (1926)-ро таълиф намуд. Таърихи давраи мубориза бар зидди арабҳо ва муғулонро дар очеркҳои таърихии  “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик-Темурмалик” (1944) ба риштаи таҳрир даровардааст. Осори таърихии Айнӣ ба ҷилди даҳуми “Куллиёт” ворид шудаанд.

Алҳол дар китобхонаи илмии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” асарҳои зиёди Садриддин Айнӣ маҳфуз аст. Ин асарҳо ганҷҳои ноёби китобхонаи илмии Қалъаи Хучанд буда, китоби рӯимизии кормандон гардидаанд.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАйнӣ-таърихшинос
Scroll to Top