Бояд қайд намуд, ки аз рўзи таъсис ёфтани МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» шўъбаи «Дастхатҳо ва табъу нашр» ташкил карда шуд ва то имрўз фаъолият бурда истодааст. Аз рўзи аввали фаъолият аз шаҳрвандон китобҳои нодир ва дастхатҳои қадима харидорӣ карда шуд. Масалан, соли 2015 ба миқдори 87 адад, соли 2016 - 204 адад китобу дастхатҳо аз аҳолӣ харидорӣ карда шуда истодааст. То ҳол зиёда аз 337 адад китобу дастхатҳои нодир ҷамъоварӣ ва харидорӣ шуда, дар фонди Осорхона ва тадрисгоҳи Хона–музейи Камоли Хуҷандӣ нигоҳ дошта мешаванд.
Аз ин теъдоди китобу дастхатҳои нодир наздик 40 адади онҳо бо ҳамкории Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров ва ДДҲБСТ баргардон шуда, дар тадрисгоҳи «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» гузошта шудааст. Алҳол, шўъбаи дастхатҳо машғули таҳия ва баргардони китоби «Маноқиби Хоҷаи Нақшбандӣ» ва «Ҳайрат-ул-фуқаҳо» буда, дар нақша дорад боз дигар китобҳои нодирро баргардон намояд. Аз байни китобҳои ҷамъоварӣ шуда, зиёда аз 100 адади онҳо аз дастхатҳо иборат мебошанд. Ба амсоли «Гулистон» ва «Бўстон»-и Шайх Саъдӣ, «Танбеъ-ул-ғофилин»-и Абўлайси Самарқандӣ, «Дуррат-ул-аҷоиб», «Армуғони хислат», «Анис-ул-воизин», «Шавоҳид-ун-нубувват»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Захират-ул-мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Рубоиёти Умари Хайём, Ашъори Машраб, Ашъори Алишери Навоӣ, Ашъори Фузулӣ, Ашъори Мирзо Бедил, «Васиятнома», «Меъроҷ-ун-нубувват», «Зангинома», «Қиссаи Юсуф ва Зулайхо», «Нурнома», «Ҷангнома» ва ғайра. Аз китобҳои ирфонӣ низ теъдоде маҳфуз аст, ки яке аз куҳантарини онҳо «ан-Ниҳоя фи ғариби-л-ҳадис» аст, ки таърихи беш аз 400-сола дорад. Инчунин, дастхати «Мавоҳиб-ул-олия»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, китоби бузургҳаҷми «Асрор-мин-суратил-алфотиҳа», «Манофеъ-ул-муслимин», «Фиқҳи Кайдонӣ», «Маслак-ул-муттақин» аз арзишмандтарин кутуб ба ҳисоб мераванд.
Дар байни китобҳои чопи сангӣ «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҳам бо забони форсӣ ва ҳам бо забони туркӣ, «Таърихи Табарӣ», «Тазкират-уш-шуаро», «Маноқиб-ул-асфиё», «Темурнома», ки аз ҷумлаи китобҳои таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз девонҳо: «Девони Ҳофиз», «Девони Махфӣ», «Девони Урфӣ», «Девони Аҳмади Ҷомӣ», «Девони Туғрал», «Девони Васлӣ» ва аз луғатномаҳо: «Ғиёс-ул-луғот», «Таҷнис-ул-луғот», «Суроҳу Қуроҳ», «Тоҷ-ул-арўс» ва ғайра аз арзиши баланд бархурдоранд.
Яке аз кутубҳои нодир китоби дастхати «Захират-ул-мулук» аст, ки ба қалами орифи номвари тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1384) тааллуқ дорад. Ин китоб аз ҷумлаи арзишмандтарин сарчашмаҳои ахлоқӣ-ирфонии адабиёти форсу тоҷик ба шумор меравад. Мавзӯи баҳси китоб ахлоқ ва ирфон мебошад. Соли таълифи асар маълум нест. Китоб аз даҳ фасл иборат буда, аз муҳимтарин фаслҳои он “Дар макорими ахлоқ ва ҳусни хулқ ва вуҷуби тамассуки ҳоким ва подшоҳ ба сирати хулафои рошидин”, “Дар ҳуқуқи волидайн ва зану шавҳар ва авлоду абид ва ақорибу асдиқо, дар аҳкоми салтанату вилоят ва аморату ҳуқуқи раоё ва шароити ҳукумату хатари ӯҳдаи он ва вуҷуби адлу эҳсон; Дар шарҳи салтанати маънавӣ ва асрори хилофати инсонӣ; Дар баёни амр намудан ба некӣ ва найҳ кардан аз мункарот ва фазоил ва шароит ва одоби он; Дар баёни ҳақоиқи шукри неъмат ва зикри аснофи инъом ва ифзоли ҳазрати самадият; Дар баёни ҳақиқати сабр дар макореҳи масоиби дунявӣ, ки он аз лавозимоти умури вилоят ва салтанат аст; Дар мазаммати такаббури ғазаб ва ҳақиқати он» иборат аст.
«Захират-ул-мулук» муҳимтарин ва бузургтарин осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Муҳаққиқ Муҳаммад Риёз бар он ақида аст, ки «Захират-ул-мулук» баъди «Ахлоқи носирӣ»-и Насриддини Тӯсӣ дуввумин китоб аст, ки дар сиёсати маданӣ таълиф гардидааст. Насри китоб содда ва шевову равон аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оёт ва аҳодисро ба сурати арабӣ оварда, сипас онро ба забони форсӣ тарҷима мекунад, ки ин хусусият дар саросари китоб риоя шудааст. Дар китоб тамассул бар ашъор низ мушоҳида мешавад, ки аксар аз эҷодиёти Мавлави Ҷалолуддини Румӣ, Саноӣ, Низомӣ ва Саъдии Шерозӣ мебошад. Нусхаҳои зиёде аз ин китоб дар китобхонаҳои ҷаҳон маҳфуз аст, аз ҷумла дар Китобхонаи марказии Теҳрон (4 нусха), Китобхонаи миллии Теҳрон (1 нусха), Китобхонаи умумии Панҷоби Лоҳури Покистон (1нусха), Китобхонаи салтанатии Берлини Олмон (1нусха), Китобхонаи донишгоҳи Берлин Лейдон (3 нусха), Китобхонаи Сулаймонияи Истамбули Туркия (2 нусха), Китобхонаи Вена (2 нусха), музейи Британия (1 нусха), Китобхонаи миллии Фаронса (1нусха), музейи Кобули Афғонистон (4 нусха). Нусхаи дигари ин китоб дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ нигаҳдорӣ мешавад.
«Захират-ул-мулук»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз арзиши баланди илмӣ, таърихӣ ва адабӣ бархурдор аст. Китоб аз шинохти ирфонӣ, амалӣ ва тасаввуф хеле муҳим буда, барои омӯзиши сабки наср ва хусусияти насри асри XIV сарчашмаи муҳим арзёбӣ мегардад.
Аҳадов А.
Мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашр