Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” семинари омӯзишӣ бо иштироки сарварони осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва осорхонаҳои шахсӣ доир гардид.
Семинарро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов ифтитоҳ намуда, арз доштанд, ки имсол чун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидаасту таваҷҷуҳи сайёҳон ба объектҳои сайёҳӣ ва манзараҳои дилрабои кишвари мо зиёд аст, аз ин лиҳоз экспозитсияҳои намоишии осорхонаҳо бояд тибқи талаботҳои осорхонашиносии муосир тариқи даврабандии таърихӣ созмон дода шаванд. Ҳамчунин қайд гардид, ки экспозитсияҳои намоишии баъзе аз осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ҳанӯз солҳои 80-уми қарни гузашта созмон дода шуда, зарурати аз нав сохтани экспозитсияҳо ба миён омадааст. Аз ин рӯ, кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд омода ҳастанд, оиди ин масъала бо кормандони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳамкорӣ намоянд.
Сипас мудири шӯъбаи таърихи Осорхонаи таърихии вилоят И.Турсунов оиди чигуна созмон додани экспозитсияи намоишӣ, ҷобаҷогузории экспонатҳо вобаста ба мавзӯъ, таҳияи консепсияи илмӣ ва нақшаи мавзӯӣ маърӯза намуданд.
Мудири шӯъбаи таърихи давраи муосир М.Хоҷаева перомуни дуруст ҷобаҷогузории экспонатҳо, ба таври замонавӣ муҷаҳҳаз намудани осорхона ва инчунин азнавкунии зернавишт (этикетка)-ҳои экспонатҳои осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳо андешаронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар ин семинар мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилоят Ф.Усмонова иштирок ва баромад карданд.
Рассом-ороишгари Осорхонаи таърихӣ А.Ҷаборов дар хусуси мутобиқати толорҳои намоишӣ бо экспозитсияҳо равшанидиҳӣ ва ба таври дуруст ҷобаҷогузории экспонатҳои намоишӣ ва ашёҳои таърихӣ сухан ронданд.
Дар анҷом байни аҳли нишаст пурсишу посух доир гардид.
Мақсад аз баргузории семинари омӯзишӣ ин созмон додани намоишгоҳҳои экспозитсионӣ тибқи талаботи осорхонашиносии муосир ва ҷалби бештари сайёҳону тамошобинон ба объектҳои таърихиву фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.