Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дар маркази вилоят ба муносибати Рӯзи пойтахт чорабинии идона доир шуд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Бегоҳии рӯзи шанбеи гузашта дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки васеъи мардум аз Рӯзи пойтахт ҷашн гирифта шуд.

Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд мардуми меҳнатқарини Суғди бостонро ба муносибати Рӯзи пойтахт – шаҳри азизу дилбанди Душанбе аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборакбод гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки «Таҷлили Рӯзи пойтахт танҳо ҷашни сокинони пойтахт нест, балки ҷашни тамоми тоҷику Тоҷикистониён аст. Зеро шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии мамлакат ва ойинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, он гоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқии маънавии комил дорад, ки бо номи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад».

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода низ сокинони Хуҷандро бахшида ба Рӯзи пойтахт табрик гуфта, афзуд, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст.

Барномаи рангини фарҳангии фарогири суруду таронаҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДар маркази вилоят ба муносибати Рӯзи пойтахт чорабинии идона доир шуд
Scroll to Top