Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Конфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи ҳифзи ёдгориҳо ва зиёратгоҳҳо таҳти мавзӯи “Ҳифзи асолати осори миллӣ”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Санаи 17.04.2018 бахшида ба “Рӯзи ҳифзи ёдгориҳо ва зиёратгоҳҳо”, ки ҳамасола санаи 18-уми апрел ҷашн гирифта мешавад, дар толори маҷлисгоҳи МИҲД-и шаҳри Истарвшан конфронси илмӣ таҳти унвони “Ҳифзи асолати осори миллӣ” баргузор гардид.

 

Кори конфронсро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд-М.Бойматов хусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон имкон пайдо кард таърихи бою рангин ва фарҳангӣ куҳанбунёди худро ба оламиён муаррифӣ намояд. Асосгузории Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаи ҳифзу омӯзиш ва нигоҳдории мероси ниёгон диққати ҷиддӣ дода, қариб дар ҳамаи баромадҳои расмию ғайрирасмии хеш масъалаи мазкурро гӯшрас менамоянд. Аз ҷумла, санаи 19.03.2018 ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат қайд намудаанд:“Дар шароити феълӣ, ки бархӯрди тамаддунхо дар ҷаҳон торафт тезутунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад”.

Дар конфронс намояндаи Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Ф.Усмонова, ҷонишини Раиси шаҳри Истаравшан – П.Наимҷонзода, сарварони осорхонаҳо ва нозирони минтақавии ёдгориҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд. Бо маърӯзаҳои пурмазмун дар мавзӯъҳои “Вусъат бахшидани корҳои омӯзишии ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ва дохил намудани онҳо ба феҳрасти ЮНЕСКО (дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар назди зиёиёни мамлакат аз 19 марти соли 2018)” М.Файзуллоев - номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи археология ва этнографияи халқи тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, директори Осорхонаи Ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров – профессор Ҳолҷӯраев,  “Мақоми Исфара дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” А.Раупов - директори кулли осорхонаҳои шаҳри Исфара, "Объектҳои обӣ ҳамчун ёдгориҳои табиӣ" - мутахассиси пешвари бахши муҳити зисти шаҳри Истаравшан М.Махсумов, “Ганҷинаи таърих” директори Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносии шаҳри Истаравшан – Б.Арслонов, “Ҳифзи ёдгориҳои манқул дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд” - сармуҳофизи Осорхонаи таърихии вилояти Суғд - А.Ӯрмонҷонова баромад намуданд ва қисмати аввал ҷамъбаст гардид.

Дар қисмати дуюми чорабинии мазкур аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Истаравшан: масҷид - мақбараи “Сари мазор” асри XVI, “Бобо—тағо” асри XV, мадрасаи “Султон Абдулатифи Шайбонӣ” асри XV, масҷид - мақбараи “Ҳазрати шоҳ” асри XVII дидан карда, бо вазъи ин объектҳои таърихӣ аз наздик шинос гардиданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз, эҳё ва муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ва зиёратгоҳҳо ба ҳисоб меравад.

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКонфронси илмӣ бахшида ба Рӯзи ҳифзи ёдгориҳо ва зиёратгоҳҳо таҳти мавзӯи “Ҳифзи асолати осори миллӣ”
Scroll to Top