Дирӯз як гурӯҳи 20-нафараи намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ ба вилояти Суғд омаданд.
Санаи 28-уми март зимни сафар меҳмонон аз “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси вилоят – Анвар Яъқубӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд – Маъруф Муҳаммадзода ҳамроҳӣ карданд. Меҳмонон ба зери муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ гулчамбар гузошта, мақбараи Камоли Хуҷандиро зиёрат намуданд.
Бо мақсади шиносоӣ аз таъриху фарҳанг ва тарзи рӯзгордории халқи тоҷик аз Хона-музей дидан намуда, аз меҳмоннавозии тоҷикон баҳраманд гардиданд.
Дар охир меҳмонони олиқадр ба китоби хотирот соядаст гузоштанд.