Санаи 21-уми март бахшида ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ва “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” аз тарафи МИҲД-и шаҳри Хуҷанд намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҳмадтоҳир Зокирзода, Раиси вилояти Суғд - Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд - Маъруф Муҳаммадзода дар чорабинӣ иштирок намуда, аз намоиш дидан намуданд.
Ҳамчунин, дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дастурхони наврӯзӣ, ки аз ҳафтсину ҳафтшин иборат аст, ороста шуд.