Эй болу пари озод, Наврӯз муборак бод,
Эй субҳи дили озод, Наврӯз муборак бод!
Боиси хушнудист, ки ба диёри зебоманзарамон боз Наврӯзи ҳуҷастапай бо ҳама шукуҳу шаҳомат, назокату латофаташ қадами фархундаи хешро гузошт.
“Наврӯз” ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукуҳу ҷалоли хоса таҷлил карда шуда, ба нахустрӯзи офариниши баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва муҳимтар аз ҳама ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд.
Наврӯзи Аҷам ин худ василаест, ки тоҷикон ва форсизабонони тамоми ҷаҳон дар оғози сол бо нияти зиндаву ҷовид нигоҳ доштани хусусиятҳои неки фарҳангӣ ва тамаддуни шарқии хеш якпорчагиву ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ ва ободӣ онро ҷашн мегиранд.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Бори дигар фарорасии ин ҷашни мубораку бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, самимона табрику таҳният намуда, бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони тоҷик ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо хоҳонем.
Наврӯзи оламафрӯз муборак бод!