Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мардумӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳантарин ва бузургтарини мардуми тоҷику форс ба шумор рафта, ҳар сол бо шукуҳу шаҳомат ва ҳамчун иди бедоршавии табиат ва фарорасии фасли баҳор таҷлил мегардад.

Худи вожаи “Наврӯз” калимаи мураккаби форсии дарӣ аз ду ҷузъ “нав” ва “рӯз” иборат буда, расму суннатҳои Наврӯзӣ , рангу тобишҳояш ҳанӯз қабл аз Ислом, аз аҳди Зардуштиён, ки дар китоби муқаддаси “Авасто” зикр рафтааст, дар байни мардуми тоҷику форс ба ёдгор мондааст.

Ҳар сол табиат хонаи худро покизаву нав мекунад. Мардум низ манзилҳояшонро тозаву озода менамуданд ва дастурхони наврӯзӣ ороста, рӯи онро бо “Ҳафтсин” ва “Ҳафтшин” оро медоданд.

“Ҳафтсин” хони наврӯзиест, ки асосан бо ҳафт намуд маҳсулоте, ки бо ҳарфи арабии син оғоз мегарданд, зебу зиннат ва оро дода мешавад: санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сикка. Ҳар яке аз ин маҳсулотҳо дорои рамзи махсуси худ буданд. Масалан, санҷид бо бӯи хуш ва барги сафедаш ифодакунандаи дилдодагӣ, ҳаракатдиҳандаи ишқ ва зода шудан, себ нишони табиати сабзпӯши баҳорӣ, суманак ифодакунандаи зиндагии бардавом ва қудрату нерӯмандӣ, сирпиёз доруи ҳайратангези тамоми дардҳо, сикка нишони давлатмандӣ, сирко бошад рамзи ризову оромӣ аст.

“Ҳафтшин” низ, яке аз шаклҳои дигари дастурхони наврӯзӣ буд, ки бо ҳафт намуд маҳсулот бо ҳарфи арабии шин оғоз мегардид: шакар, шарбат, ширинӣ, шамъ, шона, шир ва шароб.

Инчунин, дар болои дастурхони идона, ки аз матои сафед иборат буд, боз зарфи об, оина, шамъу шамъдон, тухми мурғ ва дигар хӯрокҳои лазиз мегузоштанд.

Бояд қайд кард, ки дар дастурхони наврӯзӣ дар бисёр ҳолат шохаҳои навшукуфта гузошта мешуданд. Ин амал низ рамзӣ буда, гузоштани се шоха ин рамзи ифодаи се пояи ахлоқии зардуштия: “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек”, ҳафт шоха нишонаи ҳафт фариштаи муқаддаси Аҳурамаздо ва бисту як шохаи дарахт ин ишора ба бисту як китоб будани “Авасто”-и оини зардуштист.

Дар ин рӯзи фирӯз пиру барно либосҳои наву тоза ба бар карда, ба кӯчаву гулгаштҳо ва теппаю майдонҳо ба сайру гашти наврӯзӣ мебароянд. Ҷавондухтарон либосҳои миллӣ ба бар карда, ба арғунчакбозиву гулдӯзӣ ва ҷавонписарон бошанд дар майдонҳои кушоду сабзазорон ба гӯштингирӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, хурӯсҷанг ва дигар бозиҳои анъанавӣ машғул мешаванд.

Шодиву сурур, сурудхониву хушҳолӣ ва рақсу мусиқӣ дар ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи оламафрӯз бо гузашти айём дар сайри таърихи худ роҳи пурпечутобро тай намуда, то ба имрӯз мазмуни ғанитар гирифтааст.  

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНаврӯз – ҷашни миллӣ ва мардумӣ
Scroll to Top