Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Сарчашмаи меҳру муҳаббат

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5


Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Модар бароямон натанҳо азизтарин шахс, балки гаронбаҳотарин сарвати миллату давлатамон ба шумор меравад. Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, рӯҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад”.

Модар! Зери ин ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву хоксорӣ ниҳон аст.

Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои модарон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосирамон тасвиру тавсиф шудаанд. Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба таври арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст. Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Гузашта аз ин, зани тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидааст.

Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва бузургдошти Зан-Модар, такя ба суннату анъанаҳои неки миллати тоҷик бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 март – Рӯзи модар эълон гардид.

Мафҳумҳои Модар, Ватан дар худ як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳоматро ҷой додаанд ва ин ду мафҳум барои ҳар як инсон азизу муқаддас буда, ҳимояи он шаъну шараф ва қарзи инсонии ҳар як шахс ба шумор меравад.

Ботини поку беолоиш ва ҷаҳони орзуву ҳавасҳои Модар меҳварест, ки ҳама ба даври он гирд меоянд ва дар ин рӯзи муборак, дар арафаи оғози баҳори ҳуҷастапай ҳар як шахс мехоҳад, ки модаронро бо меҳру муҳаббати худ аз самими қалб сарфароз гардонида, беҳтарин таманниёти худро иброз намуда, барояшон хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда, ба хонадонашон ҳамдигарфаҳмӣ ва ризоиятро таманно намояд.

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост,

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман

Модар яктост, Тоҷикистон яктост!

Идатон муборак Модарону хоҳарони азиз!

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОСарчашмаи меҳру муҳаббат
Scroll to Top