Дар Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии” Қалъаи Хуҷанд” санаи 01.03.2018 бахшида ба Рӯзи модар вохӯрӣ таҳти унвони “Модар сарчашмаи меҳру вафо” баргузор гардид.
Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” И.Иброҳимов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, ҳамагонро бо Рӯзи модар шодбош намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилоят – Т.Усмонова, Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд – Г.Гадойбоева, дотсенти кафедраи технология ва методикаи таълимии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров - М.Дадабоева, менеджер оид ба ҳунармандии ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон - М.Акилова, муовини ассосиатсияи ҳунармандони вилоят – Хуршеда Содиқова иштирок ва баромад намуданд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ собиқадарони меҳнати муассиса, устодон ва донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ ва коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, муассисаҳои фарҳангӣ ва намояндагони ВАО-и шаҳру вилоят иштирок доштанд. Дар толори намоишии осорхона намунаи корҳои ҳунармандони чирадасти вилоят: гулдӯзиҳои Хуршеда Содиқова ва Мунира Акилова, ҳунарҳои заргарии Мунира Зокирова, намудҳои сӯзаниҳои Машҳура Ҳомидова, гобеленҳои Мастона Мӯминова ва намуди ҳунари кордсозӣ аз фонди Осорхонаи таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Баромади ҳунарии гурӯҳи дуторчидухтарони коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ, омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.