Санаи 21-уми феврали соли равон бахшида ба 25-солагии таъсисёби Артиши миллӣ дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вохӯрӣ таҳти мавзӯи “Рисолати ватандорӣ” бо афсарону сарбозон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд - П.Рустамова, муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд - И.Бониёзов, сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ – тарбиявии қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан – М.Нурзод, Раиси Шӯрои ҷанговарони байналмилалии вилояти Суғд – К.Содиқов, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон- А.Раҳматзод, Шоираи халқии Тоҷикистон – Фарзона, намояндагон ва роҳбарони қисмҳои ҳарбии комиссириати ҳарбии вилоят, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии гарнизони вилояти Суғд, роҳбарон ва намояндагони мактаби муттаҳидаи техникии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд, Шӯрои собиқадорони ҷанги Авғонистон, сарбозон ва афсарони қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 0235 қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар вилояти Суғд, донишҷӯён, таҷрибаомӯзони факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи Б.Ғафуров, донишҷӯёни ДДҲБСТ, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Ба чорабинӣ омири кулли “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сухани ифтитоҳ бахшида, ҳамаи ҳозиринро бо 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ шодбош намуданд ва оид ба нақши Артиши миллӣ дар кафолати амнияти давлат ва зиндагии осоиштаи мардум маърӯза намуд. Пас аз муаррифии меҳмонон муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд, подполковник - И.Бониёзов дар мавзӯи “Нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори зершӯъбаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитан - М.Нурзод дар мавзӯи “Нақши Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ҷавонони қӯшунҳои дохилӣ”, О.Ҳаётов – капитан, командири взводи коменданти ротаи ҳифз ва таъминоти қисми ҳарбии 0235 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Таърихи таъсисёбии қӯшунҳои сарҳадӣ”, Ҷ.Муҳаммадиев - сержанти хурди қисми ҳарбии 3501 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Хизмат дар сафи қӯшунҳои дохилӣ шараф аст” ва корманди илмии шӯъбаи таърихи давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” М.Мамадчонова дар мавзӯи “Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватан” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Баромади адабии оркестри нафасии гарнизони харбии вилояти Сугд ва қисми ҳабии 3501 Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни тозае бахшид.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилоятӣ расми кушоди офаридаҳои Ш.Ҳикматов – рассоми шинохтаи тоҷик, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ таҳти мавзӯи “Баҳористони ҷонҳо” бо иштироки Раиси Иттифоқи рассомони вилоят – Н.Эшонова, рассомони вилоят ва донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз баргузор гардид. Дар намоиш 72 адад асарҳои рассом Ҳикматов ба намоиш гузошта шудааст.
Дар рафти чорабинӣ созҳои мусиқие, ки аз тарафи донишҷӯёни коллеҷи санъати ба номи С.Ҳофиз садо дод, чорабиниро рангинтар намуд.
Мақсад аз баргузории чорабиниҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи маънавӣ, ҳисси ватандорӣ, омода будан ба ҳимояи Ватан, зебопарастӣ, худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.