Имрӯз Рӯзи Артиши Миллӣ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар чанд кишвари дигари пасошӯравӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре маълум аст 23 февралро дар замони СССР ҳамчун рӯзи ташкилёбии Армияи Советӣ ё Армияи Сурх ҷашн мегирифтанд. Дар ин рӯз бори аввал баъд аз Инқилоби Октябр дар наздикии Саритсинои Русия қувваҳои навташкили Артиши Сурх ба қисмҳои артиши сафед ё артиши ҷонибдори низоми шоҳии Русия ғолиб омада буданд. Минбаъд Армияи Советӣ дар бисёр ҷангҳои қарни 20 ширкат намуда, ғолиб омадааст. Муҳимтарини онҳо ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки он чор сол идома ёфт ва бо мағлубияти Германияи фашистӣ (1945) хотима ёфт.
Имрӯз баъди 25 сол мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Артиши Миллӣ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.
Рӯзхои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давалати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд. Нарасидани техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва оддитарин ҷузъиёти ҳарбӣ, аз қабили сару либос ва ҷойи хоби афсару аскарон ҳар лаҳза эҳсос мешуд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин норасоиву мушкилот 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши Миллӣ доир шуд ва афсарону сарбозони содиқу ватандӯст-ҷавонмардоне, ки бевосита ба хотири истиқрори сулҳ ва қатъи хунрезӣ сина сипар карда буданд, бо ифтихору эҳсоси баланди миллӣ аз он гузаштанд. Бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳу субот, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуд. Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмат ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан буд, хеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.
Мардуми тоҷик барҳақ бо анъанаҳои пуршарафи Артиши миллӣ ифтихор мекунад, зеро артиши мо аз оғози таъсиёбиаш то имрӯз нақши кафили амнияти кишвар ва рукни муҳими давлатдорӣ будани худро сарбаландона адо менамояд.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.
Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки Шумо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд.
Идатон муборак — ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!